Таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам маҷлиси ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соҳаи маорифи шаҳр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 бо иштироки муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Абдуллоева, роҳбарони омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид. Оид ба фаъолияти соҳаи маориф дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Абдуллозода Лайло ҳисоботи муфассал дод. Фаъолияти соҳаи маориф аз ҷониби раиси шаҳр мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби бештари хатмкунандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, таъсиси синфхонаҳои фаннӣ, беҳтар намудани фаъолияти марказҳои назди шуъба ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи маориф дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар маҷлис, инчунин роҳбарони литсейу омӯзишгоҳҳо ва муассисаҳои касбомӯзӣ оид ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд.
Дар ҷамъбасти маҷлис раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Абдуллоева аз фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода изҳори қаноатмандӣ намуда, ба аҳли илму маориф дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо орзу намуданд ва як қатор пешқадамони соҳа дар фазои тантанавӣ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.