Нуқтаи назар

БОАДАБ КИСТ БЕАДАБ КИСТ?

print
Инсонро ба ду тоифа ҷудо мекунанд: боадаб ва беадаб. Ва оне боадаб эътироф мегардад, ки ҳама хислатҳои инсонӣ ёр бар ӯст ва писанди аҳли башар аст. Шабу рӯз дар азми он аст, то наёзорад дилеро, обод бисозад манзилеро. Ва боадабӣ маҳдуд нест бар синну сол. ҳаст хурдсоле, ки одобаш аз бузургсоле беш, ҳаст бузургсоле, ки одобаш аз хурдсол кам.

Одобро метавон асоси одамгарӣ номид, беодобиро одати бадтарини инсон. Шукр, бисёранд боадабҳо. Онҳо ҷомеаи моро ба сӯи хирад мебаранд, аз ҳалокати бехирадӣ эмин медоранд ва такя мекунанд ба панду насиҳатҳои бузургон. Ва хуш медоранд ин фармудаи бузургвореро: «Беҳтарин сармоя ва хуштарин пероя мар авлоди Одамро адаб аст».

Боадаб ҳарҷо болонишин, садри маҷлису маъракаҳост. Лафзу гуфтораш чун ангубин ширин ва басо дилнишин. Ва дар ҳар маврид ӯро ситоишаш кунанд хурду калон. Инчунин адабро аз ганҷи қонун беҳтар шуморанд. Ва ин ҷо фармудаи Шайх Аттор ба ёд меояд:

Адаб беҳтар аз ганҷи қорун бувад,

Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.

Ва аз боадабон фарзанд бирӯяд ва рӯзе шавад номбардори меҳану миллат. ҳаваси мардум ба ӯ беш гардад. Яъне, бо хулқи накӯ эҳтиромаш бикунанд. Дар ин боб низ Шайх Аттор хеле хуш фармуда:

Беҳтарин хайрҳо хулқи накӯст,

Халқ хулқи накӯро доранд дӯст.

Гуфтем сифоти хуби боадабро. Баъдан таваққуф мекунем сари мавзӯи беадаб. Варо дӯсташ надорад мардум. Ва ӯ байни ҳазор кас бимонад танҳо. Бо беадабиаш ба ҷое нарасад. Барои ӯ ҷонро бахшидан нашояд. Чуноне ки бузургворе фармуда:

ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ, арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба ҷое нарасид,

Зеро, ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Шахси беадабро дар фаросат аз ҳайвони чорпо паст мешуморанд. Яъне, ба маънои он, ки аз беадаб нафъ намерасаду аз чорпо (маркабу уштур…) ба мардум нафъ марасад. Пас, куҷо дидаед беадабро машғули кори судманде, куҷо дидаед дар гуфтори неку рафтори нек. Оқилону одилонро ҳазар бошад аз ӯ. Ва ӯро фарогир аст пасттинатӣ. Даҳонаш «бедарвоза». Шарму ҳаё аз ин «дарвоза» берун меоянду беҳаёгӣ воридаш мешавад. ҳайфо, ки беадаб «дарвозаи» даҳонашро ба истиқболи «саманди» беҳаёгӣ бикшода. Мардум безор аст аз дидани беадабу беҳаё. Аз ин рӯ, беадабро мебояд адаб ва даст кашидан аз беадабӣ. Боадабро бошад, тоҷи сар кардан мебояд, чунки бо хислати накӯяш ҷаҳонро хуш биорояд, равзанаи некӣ ба рӯйи мо бикшояд…

Акрам Икромӣ,

рӯзноманигор.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *