Хабарҳо

ИФТИТОҲИ 8 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР ДОИРАИ САФАРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА.

print
Шодиву хурсандии ҳайати омўзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 –и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода дар он аст, ки бо таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва илм, барояшон 8 – синфхонаи иловагии нав сохта шуд.
Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии кушоду барҳаво, ки барои 384 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст, моии январи соли равон оғоз шуда буд ва он аз ҷониби соҳибкорони ватандўст бо ҷалби сокинони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Ҳар як синфхонаи навтаъсиси ин муассисаи таълимӣ бо мизу курсӣ ва дигар аёниятҳои хониш таъмин буда, баҳри донишомўзии писарону духтарон шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Масъулин дар рафти корҳои бунёдӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷӯҳи махсус равона намуда, бинои синфхонаи иловагии мактабро ба талаботи замона мутобиқ гардонидаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди мактабҳои наву замонавии дорои беҳтарин шароити донишомўзӣ сатҳу сифати таълиму тарбия дар аксар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ба маротиб беҳтару хубтар гардидааст.
Омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17 –и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ваъда доданд, ки ҷиҳати дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани насли наврас ва соҳибкасб шудани онҳо ҳама донишу таҷрибаи хешро равона месозанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *