Об манбаи ҳаёт ва бе он ҳаёт вуҷуд надорад. Тоҷикистони азизи мо, ки як кишвари Худодод аст, аз манбаи оби ошомиданӣ ва ҷиҳати экологӣ бой буда, аҳолӣ аз таъмини он танқисӣ намекашад. Яъне мо кӯлу дарёҳои зиёде дорем аз ҷиҳати экологӣ тоза. Дар обёрии зироатҳои кишоварзӣ низ обҳои ошомиданиамон ба истифода дода мешаванд. Аммо, баъзан носипосӣ мекунем нисбати обҳои ширини рӯду ҷӯйборҳои аз назди ҷойи истиқоматиамон ҷоришаванда. Баъзе ашхос хобрӯбаву партовҳои ҳавлиашонро ба оби равон андохта, ин неъмати бузургро ғуборолуд ё ифлос мекунанд. Ба хотир намеоранд, ки ин рафторашон ғайриинсонист. Муҳтарам Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба қадри об бирасем, онро тоза нигаҳ дорем ва сарфакорона истифода барем. Зимни баромадҳояшон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси норасоии оби ошомиданӣ дар ҳамаи қитъаҳои олам, камшавии захираҳои об ва пешгирӣ намудани ин муаммо андеша рондаанд. Ва дар бобати ҳалли проблемаи норасоии об дар ҷаҳон борҳо ташаббусу пешниҳодҳои судбахш манзур кардаанд, ки онҳо ҷонибдорӣ ёфтаанд. Боз як мисоли равшан. Бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Эъломияи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ба оламиён пешниҳод гардид. Ин иқдомро 177 давлати дунё – аъзои Созмони Милали Муттаҳид самимона ҷонибдорӣ карданд. Бо хушнудӣ бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар Рӯзи ҷаҳонии об, ки ба 22 март рост меояд, ин Даҳсолаи байналмилалӣ расман оғоз мегардад. Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд: «Дар мамлакати мо, ҳамчунин Конфронси сатҳи баланд ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд гузошт». Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки қабули ин санади муҳим куллан барои тамоми кишварҳои олам дар роҳи бартарафсозии мушкилоти оби ошомиданӣ хидмат хоҳад кард. Амалӣ гардидани ин санади басо муҳим бошад, мардуми сайёраро аз истеъмоли оби тираву ифлос наҷот мебахшад. Мо омӯзгорон бояд ҳини машғулиятҳо ё берун аз дарс шогирдонро оид ба аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо таҳлили амиқ воқиф бисозем ва ба он ҳидоят намоем, ки ба қадри об бирасанд ва баҳри беолоиш нигоҳ доштан ва ҳифзи он аз нопокиҳо саъй намоянд. ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки тамоми мавҷудоти олам аз ҳастии об аст. Рухшона ХӯҷАЕВА, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №66-и шаҳр.
Сабтҳои охирин
Суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муоқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез
4 майи соли 2018, ш. Душанбе Ҷаноби Сироҷидин Аслов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷанобон, Муҳтарам ҳамкасбон, Иҷозат фармоед ба Ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барои ташкили конфронси мазкур изҳори миннатдорӣ намоям. Афзоиши таҳдиди ин вирус ба ҳаёт ва арзишҳои мо чунон аст, ки ин ҷамъомад […]
Тоҷикистон Кабириро ғоибона ба зиндон маҳкум кард
Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.
БАР ВАТАН САНГИ МАЛОМАТ НАЗАНЕД!
Имрӯзҳо мо аз сомонаҳои интернетӣ хабардорем, ки нисбат ба сиёсати давлат ва ҳатто нисбат ба шахсиятҳои бузурге, ки баҳри давлату миллати хеш ҷонфидо ҳастанд, аслан ба Президенти мамлакати мо, шахсе ки давлати соҳибистиқлолро бунёд кард, ҷони худро барои ободии халқу Ватани азизи хеш дареғ надошт- Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ мӯхтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ […]