Хабарҳо

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 6592-И ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

print

Дар маросими савгандёдкунӣ 275 нафар наваскароне, ки дар даъвати баҳорӣ ба хизмати Модар – Ватан фаро гирифта шудаанд, дар ҳузури Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфзода Сӯҳроб Орзу, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам, роҳбарият ва афсарону сарбозони қисми низомӣ ва падару модаронашон савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. Фазои чорабинии мазкур саропо аз меҳру муҳаббати ватандӯстона ва ҳисси баланди хештаншиносӣ буд. Наваскарон матни савганди ҳарбиро бо ифтихори баланд қироат намуда, ба Ватан, Модар, халқу миллат садоқат изҳор намуданд. Дар чорабинӣ Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфзода Сӯҳроб Орзу, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо суханони табрикӣ баромад намуда, ба наваскарон дар адои қарзи ҷавонмардӣ сарбаландӣ ва комёбӣ орзу намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *