print
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Эҳсонзода Мусулмон Қобил бо иштироки ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Бухоризода Беҳрӯз Рустам, инчунун сардори шуъбачаи пешгирӣ барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстрамистидошта дар гурӯҳи роҳияҳои Ҳисор майори милитсия Қадамзода Бахтиёр Сафархон вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ бо намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ ёрдамчии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Бухоризода Беҳрӯз Рустам иброз дошт, ки дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ба таҳдидҳое рӯ ба гардидаст, ки характери глобалӣ доранд, аз зуҳури терроризму экстремизм ва вусъати он дар минтақа аз масъалаҳои муҳиме мебошад. Зеро экстремизму терроризм боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ё ба миён омадани оқибатҳои ба ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлат ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё ба мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаҳои муҳим бетараф буда наметавонад.
Зимни баромади худ сардори шуъбачаи пешгирӣ барҳамзании ҷиноятҳои хусусияти экстрамистидошта дар гурӯҳи роҳияҳои Ҳисор майори милитсия Қадамзода Бахтиёр Сафархон таъкид дошт, ки Терроризм дар ҳама давру замон ба муқобили давлату давлатдорӣ равона шуда, барои ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ дар ҷомеа, ноором сохтани суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва коста гардонидани обрӯю эътибори мақомоти давлатӣ содир карда мешавад.
Экстремизм бошад, изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо даъвати ноором сохтани ҷамъият, дигар кардани сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, мухолифати мазҳабӣ ва бадбинии иҷтимоӣ мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ як қатор иштирокчиёни ҳамоиш суханронӣ намуда, доир ба мавзуи марбут изҳори андеша намуданд. андешаронӣ намуданд.
Экстремизм бошад, изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо даъвати ноором сохтани ҷамъият, дигар кардани сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, мухолифати мазҳабӣ ва бадбинии иҷтимоӣ мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ як қатор иштирокчиёни ҳамоиш суханронӣ намуда, доир ба мавзуи марбут изҳори андеша намуданд. андешаронӣ намуданд.
Аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонро дар роҳи садоқату мардонагӣ, меҳанпарастиву эҳтироми калонсолон тарбия намуда, нагузоранд, то ҷавонон, ки ояндаи миллату давлати мо мебошанд, фирефтаи ифротиён гардида, бдаст ба ҷиноят зананд.
Дар охир ба як қатор фаъолон, ки ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомишавӣ ба гурҳҳои ифротӣ ап пешгирии дигар ҷиноятҳо фаъолона ширкат менамоянд, бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.