Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Дар ин сол ҷавонони шаҳри Турсунзода низ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри таҳсили аъло намудан, касбомӯзӣ ва ободкориҳои сарзамини аҷдодиамон саъйи беандоза намуданд.
***
Моҳи феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Зимни ташрифаш ба бинои чоруми сехи электролиз ва сехи рехтагарии КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” бо истеҳсоли алюмини аввалия, сифати маҳсулот, техникаю технологияи истеҳсолӣ ва шароити кории аҳли заҳмати корхона шинос шуд.
***
Рӯзи 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Бо фаъолияти гармхонаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев шинос шуданд. Баъдан дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Агросаноат”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Регар ба кишти зери плёнкагии пахта бо услуби обёрии қатрагӣ оғоз бахшиданд.
***
Он рӯз (21 март) Президенти ҷумҳурии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шашошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳр Абдуқаҳҳор Ғаффоров қомат афрохт, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
Бо қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 13 феврали соли 2017, №118 барои муайян кардани ҷамоати деҳоти беҳтарин ва маҳаллаи беҳтарин дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ мусобиқаи шаҳрӣ эълон гардид. Тибқи ҷамъбасти баҳоҳои Комиссияи озмун ҷамоатҳои деҳоти 10-солагии Истиқлолият, Регар ва Пахтаобод унвони “Ҷамоати беҳтарин” – ро соҳиб шуданд. Дар сабқати миёни деҳаҳо бошад, деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Сешанбе ва деҳаи Қаратоғи ҷамоати деҳоти Қаратоғ ғолиби озмун дониста шуда, унвони “Деҳаи беҳтарин” – ро ба даст оварданд.
***
Бо иштироки раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Сешанбе дар масофи 1,5 км тариқи қубур оби ошомиданӣ гузаронида шуд. Ва ин амали нек бо ғайрати дастаҷамъонаи сокинони маҳаллӣ роҳандозӣ гардид.
***
Санаи 13 май дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи “ТалКО – Арена” – и шаҳри Турсунзода бо иштироки ҳофизони шинохтаи ӯзбек Севинч Муъминова, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Анвар Собиров ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Ӯзбекистон” консерти калон манзури турсунзодагиҳо гардид.
***
Айни ҳол 50 нафар хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барандагони стипендияи раиси шаҳри Турсунзода ва 9 нафар барандагони стипендияи Президентӣ мебошанд.
***
Санаи 26 август ба истиқболи 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор намояндагони касбу кори гуногуни ҷумҳуриро барои хизматҳои арзандаашон дар назди халқу Ватан бо мукофотҳо ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд. Дар байни 300 нафар мукофотгирандагон се нафар намояндагони шаҳри Турсунзода – мудири шуъбаи маориф Лайло Раҷабова, раиси ҷамоати деҳоти Пахтаобод Умеда Негматуллоева бо медали “Хизмати шоиста” ва омӯзгори Муассисаи давлатии литсей барои хонандагони лаёқатманди шаҳр Б. Рабиев бо ордени “Шараф”, дараҷаи II сарфароз гардиданд.
***
Ҳамчунин 23 август дар деҳаи Қипчоқи ҷамоати деҳоти Работ ба маблағи беш аз 4 млн. сомонӣ дабистони дуошёна сохта ба истифода дода шуд. Дар сохтмону истифодадиҳии дабистони мазкур соҳибкори маҳаллӣ ҳоҷӣ Ҷӯрабек Муҳибов саҳми арзанда гузошт. Дар рӯзи кушодашавии таълимгоҳ муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории саховатпешагони маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навобод кӯпруки тозабунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар бунёди он беш аз 800 ҳазор сомонӣ масраф гардид.
***
Бахшида ба таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои тозабунёди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи он муовини аввали Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад, раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода, фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ва меҳмонон иштирок карданд.
Бино бо маблағи 1 413 110 сомонӣ бунёд гардида, аз се ошёна, 12 утоқи корӣ ва 2 маҷлисгоҳ иборат мебошад.
***
Санаи 7 сентябр дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати Пахтаобод сехи коркарди маҳсулоти ширӣ ба истифода дода шуд. Сех аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Зиёев бо маблағи беш аз 40 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт, ки алҳол 10 нафар сокинони маҳаллӣ дар ин ҷо фаъолият доранд.
***
Пахтакорони шаҳри Турсунзода соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда ба фатҳи марраи истеҳсоли “тиллои сафед” расиданд. Дурнамои муқаррарнамудаи Вазорати кишоварзиро зиёда аз 120% ва аҳди худро 106% иҷро намуда, ҳосилнокии ҳар гектарро ба беш аз 26 – сентнерӣ расониданд ва дар миёни 32 шаҳру ноҳияҳои пахтакори кишвар дар ҷойи аввал қарор гирифтанд.
***
Дар давоми сол зиёда аз 75 силсила чорабиниҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои гӯштини миллӣ, камонварӣ, футбол, волейбол, варзиши сабук, гӯштини юнонӣ-румӣ, гӯштини тарзи озод, ҷудо, таэкван-до (ИТФ ва ВТФ), каратэ-до, шоҳмот ва шашка гузаронида шуданд.
***
Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр бо мукофотҳои молӣ, сипосномаву ифтихорнома ва унвонҳои фахрии варзишӣ қадр гардиданд.
***
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Соли ҷавонон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо бахшу сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 220 чорабинӣ, аз ҷумла 83 вохӯрӣ, семинар- машварат, мизи мудаввар ва конференсия, 75 чорабинии варзишӣ ва 62 чорабинии оммавӣ-фарҳангӣ бо фарогирии 64794 нафар баргузор гардиданд.
***
Аксияҳои ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат”, “Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем”, “Барои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон хизмат мекунем”, “Садоқат ба Пешвои миллат- садоқат ба Ватан” ва “Интихоби мо ҷавонон – тарзи ҳаёти солим” бо иштироки ҷавонони гуногункасб, аз ҷумла донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, варзишгарон бо фарогирии беш аз 15000 нафар доир гардиданд.
***
Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии шаҳри Турсунзода Г. Наврӯзова ва Ҳ. Комилова коргоҳи хурди қолинбофии дастӣ ташкил карда шуд. Он дорои 23 адад дастгоҳи хурди қолинбофӣ мебошад. Дар ин ҷо беш аз 40 нафар бонувон касби қолинбофӣ меомӯзанд.