аз ҷониби токпарвари машҳур Неъмат Усмонов таъсис гардида, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамарӯза беш аз 60 нафар маъюбу ниёзманд ва шахсони бепарасторро бо хӯроки гарм таъмин намуда, инчунин дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ кӯмакҳои моддӣ мерасонад. Имрӯзҳо низ ба муносибати моҳи мубораки Рамазон ин иқдоми нек ҷараён гирифта, ба беш аз 70 нафар ниёзмандон кӯмаки моддӣ расонида шуд, ки аз ин ҳисоб 15 нафари онҳо гирифторони бемории сил мебошанд.
Тибқи маълумоти Неъмат Усмонов иқдоми нек минбаъд низ идома ёфта, имрӯзҳо дар назди Ҷамъият бунёди хонаи парасторӣ барои ниёзмандон дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар ин иншоот минбаъд шахсони бепарастор ба ғамхориву парасторӣ гирифта мешаванд.