Суханрониҳои раис Таҷлил

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

print

НАВРӮЗ ҶАШНИ ОЗОДАГИВУ РАСТАГОРИСТ

Ҳамдиёрони азиз!Возможно, это изображение (торт и текст)
Имрӯзҳ мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору шодмонӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу амонии кишвар Иди байналмилалии Наврӯзро, ки муждарасони эҳёи табиат, баҳори гулрез ва оғози мавсими кишту кор арзёбӣ мегардад, дар фазои тантанавӣ ва зери осмони мусаффои Ватан таҷлил менамоем.
Фарорасии ин ҷашни бостониро, ки бо қудуми хуҷастаи худ, ба қалбҳо шодиву нишот ва меҳру муҳаббати беандозаро эҳдо менамояд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба кулли ҳамдиёрон ва меҳмонони гиромӣ табрику муборак бод намуда, сиҳатмандиву осоиш ва мувафаққиятҳои беназирро таманно менамоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз ҳамчун бузургтарин оини мардумони ориёитабор, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, барои миллати тамаддунофари мо маҳбубияти хосса дошта, ҳамчун рамзи оғози сол, эҳёи табиат, айёми баробаршавии шабу рӯз ва айёми кишту корҳои саҳроӣ ҷашн гирифта мешавад.
Мо ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ба ҳисоб рафта, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун мероси бузурги фарҳангӣ эҳёи тоза гирифта, ба таҷлили дигар расму оинҳои суннатӣ заминаи боэътимод гузошт ва ба сифати ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид пазируфта шуд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Боиси ифтихор аст, ки дар баробари мардуми шарафманди кишвар сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода низ дар пойдории рукнҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои неки Наврӯзӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Аз таҷлили ҷашни Наврӯз то Наврӯз дар шаҳри Турсунзода корҳои созандаву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, кишоварзони диёр дар ғановати дастархони ҳамдиёрон саҳми муносиб доранд.
Деҳқонони шаҳри мо бо меҳнати пурсамар, истеҳсоли сабзавоту меваҳои баландсифат ва хусусан, бо парвариши ангурҳои шаҳдбор дар баробари таъмини амнияти озуқаворӣ соҳаи кишоварзии мамлакатро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшидаанд.
Эътимоди комил дорем, ки имсол низ ки кишоварзони меҳнатдӯсту соҳибтаҷрибаи диёр ҳар рӯзи баҳорро самаранок истифода бурда, барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор гузошта, ба ин васила дар ғановати дастархон ва боз ҳам баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр саҳми муносиби худро мегузоранд.
Дар баробари ин, имрӯзҳо дар шаҳр корҳои созандаву бунёдкорӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси ифтихор аст, ки дар заминаи ҳидоятҳои маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас соҳибкорону фаъолони шаҳр ба бунёди бинову синфхонаҳои нави таълимӣ камари ҳиммат бастаанд. Имрӯзҳо дар заминаи беш аз 20 муассисаи таълимӣ корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома дошта, боварӣ дорем, ки ин анъанаи созанда дар рӯзҳои наврӯзӣ вусъати тоза мегиранд.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Мо бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар кишвари соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил Наврӯзро таҷлил менамоем. Аммо шароит ва фазои сиёсиву низомии ҷаҳони муосир пешгӯиношаванда буда, буҳрони сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза аз ҳар як фарди бонангу номус, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки дар ҳифзи ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳамеша омода бошанд.
Тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар кулли мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик намуда, хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда, меҳнати пурсамар ва ба Тоҷикистони азизамон Наврӯзиву фирӯзии ҷовидонаро таманно менамоем.
Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *