Таҷлил

НАВРӮЗИ СУРХАНДАРЁ

print

Дар доираи равобити дӯстиву бародарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз дар баробари ҳайати шаҳру навоҳии ҳамсарҳад намояндагони шаҳри Турсунзода таҳти роҳбарии раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акам ба шаҳри Тирмиз сафар намуданд.

Ҳокими вилоят Боболов Тӯра Абдиевич меҳмонони тоҷикистониро самимона пазироӣ ва дар ҷараёни сафар ҳамроҳӣ намуд.

Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз дар наврӯзгоҳи шаҳри Тирмиз намоиши дастовардҳои саноатӣ, техникаи кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ,  хӯрокҳои миллӣ ва анвои қаннодону маҳсули дасти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, ҳамчунин майдонҳои мусобиқоти варзишӣ паҳлавонони гуногунро ба қувваозмоӣ сарҷамъ намуда буд.

Дар ҳар як намоиши идонаи намояндагони шаҳру навоҳии вилоят ҳайати меҳмонони Тоҷикистонро бо самимияти беандоза истиқбол намуда, доир ба Наврӯзи олам, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек шеъру таронахонӣ карда,  ба роҳбарияти олии ҳарду кишвар ҷиҳати ҳамкориҳои ҳасана ва мутаносибаи судманд, таҳкими дӯстиву бародарии ҳарду миллат шодмониву шукргузорӣ ва изҳори сипос баён менамуданд.

Зимни баргузории қисми тантанавии чорабинӣ таъкид гардид, ки Наврӯз муждарасони ҳамдиливу дӯстӣ ва бародарии халқҳо буда,  маҳз дар арафаи таҷлили Наврӯзи соли 2018 сафари аввалини давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ба Тоҷикистон сурат гирифта, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нави таърихиро ифтитоҳ намуд.

Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷараён гирифт, дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи миллатҳои мо заминаи боэътимод гузошта шуд.

Барномаи фарҳангии иборат аз сурудаҳои баҳория, дӯстиву бародарӣ ва рақсҳои ҳунармандон  ба Иди байналмилалии Наврӯз ҳусни тозаи наврӯзӣ зам намуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *