Байни ҷаҳониён эътироф гардидааст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ва зеботарини олам буда, ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Тоҳириёну Саффориён, сипас Сомониён дар дарбори шоҳон чун забони идораи давлату коргузории девон ривоҷи васеъ пайдо карда буд. Бо ин забони бетакрор дар Хуросону Мовароуннаҳр нахустин шеъру ғазалҳои форсӣ – тоҷикӣ эҷод шуда, дар давоми қарнҳои тӯлонии минбаъда асарҳои таърихӣ, илмиву фалсафӣ ва динӣ эҷод гардидаанд. Рӯдакиву Фирдавсӣ, Бедилу Шерозӣ, Румиву Ҷомӣ, Хуҷандиву Биноӣ… Ин ва дигар бузургони мо бо осори оламгири хеш шуҳрати беандоза пайдо намуда, дар ҷанбаҳои шеъру сухани беназир абадзинда гаштаанд.
Мусаллам аст, ки омӯхтани забон ва равону суфта шудани он танҳо бо шарофати мутолиаи китоб муяссар мегардад. Вале, мутаассифона, сатҳи китобхонӣ дар солҳои охир хеле паст гардидааст. Бисёриҳо ин манзараи ногуворро бо дигаргуниҳои замони нав, бо рушду равнақи техника ва технологияҳои навин, аз ҷумла, тараққиёти расонаҳои интернетӣ алоқаманд меҳисобанд. Ман ҳамчун омӯзгор ва ҳаводори олами китоб ин ақидаро ҷонибдорӣ карда наметавонам. Дар таълиму тарбияи насли наврас амалӣ гардонидани нақшаҳои муҳими рӯзмарра даставвал ба маҳорат ва эҷодкорӣ, хоҳиш ва иродаи самимонаи намояндагони маориф алоқаи зич дорад. Дар ин бобат як ҷиҳатро алоҳида таъкид карданиям: имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ, умуман дар байни аҳолӣ таблиғу тарғиби китобҳои бадеӣ хеле паст гаштааст. Бар назари ман, чунин шароит ва имкониятро фароҳам овардан зарур аст, ки дар он талабагон бо завқу шавқ ва эҳсосоти беандоза рӯ ба сӯи олами китоб биёваранд, китобхонӣ ба машғулияти дӯстдошта ва ҳаррӯзаи онҳо табдил ёбад. Дар ин самт гузаронидани вохӯриҳои шавқовар бо шоирону нависандагони машҳури кишвар, адибони маҳаллӣ, озмунҳои назмӣ ва чорабиниҳои дигари бадеиву адабӣ низ аҳамияти якуминдараҷа доранд. Дар ҷараёни мазкур иштироки омӯзгорони фанни забон ва адабиёт ҳатмист ва ба фоидаи кор хидмат менамояд.
С. ШУКУРОВА,
омӯзгор.