Ёди ту, эй шоири ширинкалом, Рӯи дунёро мунаввар мекунад. Бемуҳобо шеъри нобу дилкашат, Ҷумла дилҳоро мусаххар мекунад. (Абдуқаҳҳори Қосим) Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоѓи ноҳияи Ҳисор дар оилаи дуредгар таваллуд шудааст. Соли 1930 дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро ба итмом расонида, ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» […]
Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бузургдошт ва гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ҷашни 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардида истодааст. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода […]
Бузургдошти 108-солагии устод Мирзо Турсунзода дар зодгоҳи шоир – шаҳри Турсунзода бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ибтидо бо иштироки раиси шаҳр Абдуқодир Вализода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони фаъол ва меҳмонон дар пояи муҷассамаи устод гулчамбар гузошта шуд. Ба муносибати зодрӯзи адиб ва арбоби сиёсиву ҷамъиятӣ намоишгоҳи дастовардҳои шуъбаи маорифи шаҳр, гӯшаҳои намоиши […]