Имрӯз вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо кормандони соҳаи маорифи шаҳр доир гардида, дар фараёни он вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи паём ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи маориф баён гардиданд, ҷиҳати иҷрои он ба кормандон соҳа вазифагузориҳо карда шуд.
Таъкид шуд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад, аз ин лиҳоз кормандони соҳаро мебояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар робита ба ин, ба шуъбаи маориф ва кулли командони соҳа супориш дода шуд, ки:
-сифати таҳсилотро баланд бардошта, сафи хонандагонеро дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ идомаи таҳсил менамоянд, на камтар аз 80 фоиз таъмин намоянд;
-ҷиҳати иштироки васеи хонандагон дар олимпиадаҳои фании ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, хусусан дар фанҳои дақиқ ва риёзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд;
-доир ба иштироки васеи хонандагон ва омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” чораҳои заруриро амалӣ намоянд;
– вобаста ба баланд бардоштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд;
-дар самти муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои лабораторӣ тадбирҳои амалӣ андешанд;
-ҷиҳати омода намудани кадрҳои соҳибтахассус тадбирҳои зарурӣ андешанд;
– вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир муҷаҳҳазгардонии соҳаро тибқи талаботи Барномаи компютеркунонӣ таъмин намоянд;
-бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хонандагон ва омӯзгорон робитаи волидонро бо муассасаҳои таълимӣ густариш диҳанд.
Дар охир раиси шаҳр дастовардҳои соҳаро дар ҷамъбасти нимсолаи таҳсил шарҳ дода, барои иштироки фаъолонаи кормандони соҳаи маорифро дар тадбирҳои ҷашнӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатии Ватани азиамон изҳори сипос намуданд.
и ещё 3
Посмотреть статистику
Охват публикации: 1,5 тыс.
Сайёхии Шахри Турсунзода, Архитектура Турсунзода и ещё 42
Комментарии: 7
Поделились: 18