Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзода ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ идома дорад.
Имрӯз дар маркази ҷамоати деҳот бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳр ва саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фаёзиддин Ахмедов гармобаи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ҷавобгӯи меъёр ва талаботҳои муқарраргардида бунёд шудааст.
Зимни ифтитоҳи иншоот раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ширкат варзида, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бунёди иншоот ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, барои хизматрасонии аҳолӣ мусоидат менамояд.