Кишоварзӣ Хабарҳо

САРДХОНАИ НАВ – БО ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ

print

Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Исҳоқбобо-2008” бунёди сардхонаро барои нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта, имрӯз бахшида ба 29-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистони ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми онро мавриди истифода қарор доданд.
Роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар тантанаи ифтитоҳи иншоот иштирок намуда, ҷиҳати иҷрои супориши муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба бунёди сардхонаҳо ба масъулини хъоҷагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон дар сардхона ангур, лимӯ ва хурмо нигоҳдорӣ карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *