Изҳороти расмӣ

«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР 30 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ: ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО»

print

МУРОҶИАТНОМАИ

иштирокдорони ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони Тоҷикистон

     Мо иштирокчиёни  ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо», ки ба ифтихори     30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҷавонони Точикистон изҳор мекунем:

     Барои мо Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳоест, ки аз ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон сарчашма гирифта, дар солҳои 90-уми охири қарни 20 ба насли имрўзаи тоҷикон фатҳ гардид. Ваҳдати миллӣ чун нишонаи фарҳанги сулҳоварии миллати куҳанбунёди тоҷик нодиртарин ганҷест, ки онро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва тавсеа бахшем.

     Мо насли ҷавони ин кишвари биҳиштосо насли хушбахти замонем, ки дар фазои сулҳу Ваҳдат ва якдилии мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо ғамхориҳову ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон тамоми имкониятҳо ва шароитҳои мусоиди омўзиши илм ва ташаккули шахсӣ фароҳам оварда шудааст.

     Мо ҷавонон набояд фаромўш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан халқи Тоҷикистон аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард собит намуд, ки соҳиби таърихи пурифтихор, фарҳангу маърифати пойдору устувор ва таҷрибаи ғании давлатсозию давлатдорӣ мебошад.

     Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат бо иштироки фаъолони халқи Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ фазои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор гардида, сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ таҳким ёфта, некўаҳволии мардум рў ба беҳбудӣ ниҳод. Теъдоди зиёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ бунёд гардида, робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии кишвари мо рўз аз рўз вусъат меёбанд.

     Мо  ҷавонони даврони истиқлолият, ки имрўз дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ иштироки фаъол дорем, аз тамоми ҷавонони кишвар даъват менамоем, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, нисбати ояндаи давлату миллат бетараф набошем ва дар ҳамкории самарабахш бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саъйу кўшиш намоем.

     Ватан ба дўши мо масъулияти азим-идома додани роҳи созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи истиқлолияту Ваҳдат ва меҳнати софдилона барои таъмини зиндагии аз ин ҳам шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистонро гузоштааст.

     Мо ин рисолати худро танҳо бо илму дониши қавӣ метавонем анҷом диҳем. Танҳо омўзиши пайвасти илмҳои муосир, технологияҳои навин ва азхудкунии забонҳои хориҷии байналмилалӣ, инчунин дарки масъулияти баланди ватандорӣ ба мо имконият медиҳад, ки ба ҳайси мутахассисони баландихтисос барои рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ташаббусҳои наҷибро амалӣ кунем ва дар ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон саҳми арзандаи хешро гузорем. Дар марҳилаи навини рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадафи ягонаи ҳар кадоми мо бояд дониши мукаммал, касбияти комил ва қобилияти баланд бошад.

     Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир масъалаҳои худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ хеле муҳим дониста шуда, аз ҳар кадоми мо фаъолияти бештару самараноктарро дар пешгирии шомилшавии афроди ноогоҳ ба созмонҳои ифротгаро, гурўҳҳои экстремистӣ, ҷараёнҳои тундгаро, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тақозо менамояд.

     Мо ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ зидди амалҳои экстремистиву террористӣ буда, онро комилан маҳкум менамоем ва ҳеҷ вақт фирефтаи доми гурўҳҳои ифротӣ нахоҳем гашт ва баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҳамеша омода ҳастем.

     Мо иштирокчиёни ҳамоиш боварии комил дорем, ки ҷавонони кишвар ва хусусан хизматчиёни давлатӣ таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият ва пойдории Ватани азизамон ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрў ва эътибори Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

     Муроҷиатномаи мазкур дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябри соли 2021 аз ҷониби иштирокчиёни якдилона қабул карда шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *