(гузоришро инҷо тамошо кунед hhttps://www.youtube.com/watch?v=AaJdI0LV1Ag Муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва тадбирҳои истифодаи самараноки заминҳо шинос шуда, бо хоҷагидорони шаҳр суҳбат баргузор намуд. Муовини Сарвазири мамлакатро вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло, Президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ҳамроҳӣ намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси […]
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани 2-3 ҳосил, инчунин иҷрои таъмини амнияти озуқаворӣ соли ҷорӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода кишти асосию такрориии шолиро 4500 гектар ба нақша гирифта, ба ҳолати 1-июли соли 2022 аз уҳдадории худ сарбаландона баромада, майдони кишти шолиро ба 4503 гектар расониданд. Тибқи маълумоти […]
Кишоварзони шаҳри Турсунзода бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд. Дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, деҳқонони шаҳр инчунин ҷиҳати ба содирот равона намудани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан […]