Дар ибтидо Акрамзода П.А. иброз дошт, ки “мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Имрӯзҳо дар мамлакат ҷабҳаи бузурги созандагӣ идома дошта, дар шаҳри мо низ раванди ободгарӣ бо маром дар ҷараён аст. Дар ин қатор соҳибкорон, фаъолон ва сокинони деҳоти 10-солагии Истиқлолият бунёди 29 иншоотро ба нақша гирифта, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ 21 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Дар 8 иншоот корҳои сохтмонӣ дар авҷ аст.
