Таҷлил Фарҳанг

БАЗМИ ШАШМАҚОМ

print
Яке аз шоҳкориҳои бузурги санъати классикии тоҷик Шашмақом ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта, ҳамасола 12 май дар саросари кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад.
Имрӯз ба ин муносибат дар толори кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода Рӯзи Шашмақом таҷлил гардид.
Муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия мухлисони санъати ниёгон ва ҳунармандонро ба муносибати Рӯзи Шашмақом муборакбодӣ намуда, иброз дошт, ки Шашмаком ҳамчун шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик дар баробари шоҳкориҳои адабиёти классикии мардуми тоҷик ҷой дошта, ғанибахши хазинаи фарҳанги миллат маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Турсунзода устодон ва ҳаводорони Шашмақом зиёд буда, тибқи қарори раиси шаҳри Турсунзода соли 2000 дар назди шуъбаи фарҳанг ансамбли касбии Шашмақом таъсис гардида, дастаи ҳунарӣ дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҳамчунин макбати устод ва шогирдро идома дода, имрӯзҳо дар назди ансамбл ҳунармандони наврас аз устодони санъат нозукиҳои шашмақомро меомӯзанд, – иброз дошт муовини раис шаҳр.
Дар идома барномаи дастаи ҳунарӣ манзури мухлисон гардида, баъдан ҳунармандону шогирдони даста бо Сипоснома ва мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Тур сунзода сарфароз гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *