Таҷлил

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҒАЛАБА

print
Ҳамдиёрони азиз,
Имрӯз дар баробари тамоми давлатҳои сулҳдӯсти ҷаҳон рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ зери Парчами сулҳу дӯстӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони шаҳри Турсунзодаро табрику таҳният гуфта, ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ ва ба хонадони ҳар як сокини диёр рӯзгори осуда таманно дорем.
Ҳозирини гиромӣ,
Ҷанги дуюми ҷаҳон аз хунбортарин ва фоҷиабортарин ҷанг дар таърихи башарият маҳсуб ёфта, ѓалабаи мардумони сулҳхоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди зулму истибдоди фашистӣ дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин сабт гардида, бо гузашти 76 сол арзиш ва аҳамияти ин Ғалаба боз ҳам афзун гардидааст.
Барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, садҳо ҳазор сокинони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузошта, аз рӯзҳои авали ҷанг ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷоъ ба набард сафарбар гардиданд.
Аз кишвари маҳбуби мо беш аз 300 ҳазор нафар ба майдонҳои хунини ҷанг сафарбар гардида, 92 ҳазор нафари онҳо зимни набардҳо барои озодии хоки муқаддас дар майдони ҷанг ҳалок шудаанд. Дар ин радиф, беш аз 5 ҳазор ҷавонмардони шаҳри Турсунзода низ баҳри дифои Ватан синаи худро сипар карда, зиёда аз 2200 нафари онҳо баҳри ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ҷоннисорӣ намудаанд.
Дар ақибгоҳ низ садҳо ҳазор модарону кӯдакон гуруснаву нимбараҳна заҳмати пурмашаққат кашида, охирин луқмаи худро ба фронт – барои Ғалаба фиристодаанд. Ин рақамҳо танҳо омор нестанд, ин рақамҳо моро даъват менамоянд, ки зиндагии орому осоиштаро қадр кунем, ҷавононро дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан тарбия намоем ва оқибатҳои он ҷанги даҳшатноку шаҳидонеро, ки ба ивази ҷони ҷавони худ Ғалабаи бузург ва сулҳу осоишро таъмин намудаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳубину парасторӣ, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва ѓамхориҳои иҷтимоиро ба собиқадорони ҷанг вазифаи муқаддас шуморида, дар ин самт чораҳои заруриро амалӣ менамоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иқдоми ѓамхоронаи муҳтарам Пешвои миллатро ҷиҳати эҳтирому қадрдонии собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ татбиқ намуда, нигоҳубин ва шароити мусоиди зиндагиро барои онҳо таъмин ва таҳти ѓамхории доимӣ қарор медиҳад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 3 нафар собиқадорон ва 5 нафар меҳнаткашони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ карда, чун шахсиятҳои барӯманд, пирони рӯзгордида, дар ҷомеа обрӯву эътибори хоса дошта, канори фарзандону пайвандон ва таҳти ѓамхориҳои пайвастаи муҳтарам Пешвои миллат давлати пирӣ меронанд.
Ҳамдиёрони азиз,
Таҷлили рӯзи Ғалаба бори дигар ҷаҳониёнро ҳушдор менамояд, ки дӯстиву ҳамкорӣ омили асосии сулҳу субот ва бунёди рӯзгори орому осуда ба ҳисоб меравад. Зеро мутассифона дар ҷаҳон ҳанӯз қувваҳое мавҷуданд, ки қадри сулҳу осоишро намедонанд ва барои расидан ба мақсадҳои муѓризона дар минтақаҳои гунгогуни ҷаҳон тавассути амалиётҳои мусаллаҳона ҳаёти осоиштаро халалдор месозанд.
Мавҷудияти ҳар гуна омилҳои номатлуб ҳар яки моро тақозо менамояд, ки сулҳу осоишро дар мадди аввал гузошта, бар зидди афрод ва гуруҳҳои ҷангҷӯ бо эҳсоси баланди инсондӯстӣ мубориза барем.
Вобаста ба ин ҷавонони моро мебояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки чун сипари боэътимоди мамлакат арзёбӣ мегардад, хизмати содиқона карда, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва дар таъмини зиндагии орому осудаи сокинон ҳамеша омода бошанд.
Ҳамдиёрони азиз,
Рӯзи Ғалаба рӯзи бузурги таърихиест, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ин сарвати бузурги маънавӣ ба ҳар як фарди Ватан ҷиҳати дастовардҳои нав нерӯ ва илҳоми тоза мебахшад.
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар ба ифтихори солгарди Рӯзи Ғалаба кулли ҳамдиёронро табрику муборакбод намуда, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва осмони мусаффоро орзу менамоем.
Рӯзи Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
Вы, Сайёхии Шахри Турсунзода, Бону Абдуллаева и ещё 8
Комментарии: 1
Поделились: 21
Просмотрено: 23

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *