Бо ташаббуси мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорону саховатмандони маҳаллӣ дар назди МТМУ №45 бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, ҷалби насли наврас ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ толори варзишӣ сохта, мариди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти мазкур муовини раиси шаҳри Турсунзода Собирзода Ғ.М. иштирок намуда, барои бунёди иншооти муҳим ба соҳибкорону саховатмандон, роҳбарият ва кумитаи падару модарони муассиса арзи сипоси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро расонид.
Ҳамзамон фаъолоне, ки ҷиҳати бунёди толори варзишӣ саҳмгузорӣ намудаанд, бо Сипсномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардиданд.