Имрӯз ҳайати кории роҳбарияти вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раёсати раиси вилоят Боболов Тура Абдиевич дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” ҳайати кориро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар фазои танатанвӣ пазироӣ намуд.
Ҳайати корӣ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо раиси шаҳр суҳбат ороста, аз манбаъҳои обии шаҳр ва дарғоти канали калони Ҳисор дидан намуд.
Боиси зикр аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди тарафайн барои тоза намудани каналҳо аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон техника сафарбар гардида, қисмати дар натиҷаи сел зарардидаи дарғоти канали калони Ҳисор аз таъмир бароварда шуд.
БАРОИ МАЪЛУМОТ: Канали калони Ҳисор, калонтарин шабакаи обёрӣ дар водии Ҳисор ба ҳисоб рафта, аз дарёи Душанбе (Варзоб) сарчашма гирифта, то дарёи Қаратоғ ба масофаи 50 км тул кашидааст. Канал замини ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, шаҳри Турсунзода ва заминҳои ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Узбекистонро аз об таъмин менамояд. Канал солҳои 1938-1942 тариқи ҳашар бо иштироки беш аз 100 ҳазор колхозчиён бунёд ва 12 сентябри соли 1942 мавриди истифода қарор гирифтааст.