Таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар семоҳаи якуми соли 2021 ҷамъбаст гардид.
Дар ибтидо муовини раиси шаҳр Бобоҷонзода Фахрия доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқитисодии шаҳр ҳисобот манзур намуд.
Баъд аз таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба масъулин барои шашмоҳаи якуми соли 2021 ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷет, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва ҷубронпулиҳо, бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, афзун намудани маҳсулоти содиротӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва дигар масъалаи муҳим вазифагузорӣ шуд.
Таъкид шуд, ки соли 2021 дар мамлакиат 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тачлил мегардад, аз ин лиҳоз аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саривақт ва бо сифат амалӣ намуда, дар рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар анҷом барои иштироки фаъолона ва ғолибият дар фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолон бо Диплому Ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.