Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ СОЛ ВА ҚАДРДОНИИ САҲМГУЗОРОН

print
Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Президенти академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар соли 2020 ҷамъбаст гардид. Баъд аз таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба масъулин барои соли 2021 ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷет, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва ҷубронпулиҳо, бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, афзун намудани маҳсулоти содиротӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирии бемории коранавирус ва дигар масъалаи муҳим вазифагузорӣ шуд.
Таъкид шуд, ки соли 2021 дар мамлакит 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тачлил мегардад, аз ин лиҳоз аз масъулин даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саривақт ва бо сифат амалӣ намуда, дар рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳр ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар анҷом барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ободии маҳал ва саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр як қатор соҳибкорон ва фаъолн бо Диплом ва Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *