Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо мақсади шиносоӣ бо сатҳи дониши хонандагон, савияи дониш ва малакаи омӯзгорон, вазъи таълиму тарбия ва давраи зимистонгузаронӣ аз муассисаи таълимии №56 дидан намуданд. Раиси шаҳрзимни суҳбат иброз намуданд, ки ҷавонон насли ояндасозу маориф таҳкимбохши пояҳои давлатдорист, аз ин лиҳоз, хусусан аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки […]
Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои созанда, хусусан дар самти маориф бо бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимӣ муташаккилона идома дорад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов дар назди МТМУ 25 мавқеъ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навободи […]
Дар шаҳри Турсунзода дар қатори дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ бунёди муассисаи томактабӣ аз масоили муҳим ба ҳисоб рафта, дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов сохтмони кӯдакистон бомаром идома дорад. Иншоот аз ду ошёна, утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, синфхонаҳо, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои тақриби 200 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Бунёди […]