Таҷлил

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

print
Ҳамдиёрони азиз!
Боиси шарафмандии ҳар яки мост, ки бо рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан ва шукргузорӣ аз сулҳу амнияти кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз як ҷашни пурифтихор – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари возеҳи соҳибдавлатии миллати мо арзёбӣ мегардад, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёронро самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як сокини диёр хонаи обод, сарбаландӣ ва некномиро таманно дорем!
Ҳамдиёрони азиз!
Дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо парчам ва оини парчамдорӣ мақоми шоиста дошта, аз муҳимтарин ҷузъи фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла нишонаи арҷгузорӣ ба парчамдории миллиро аз таърихи парчамдории Балхи бостонӣ, Коваи оҳангар, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои давлатдории тоҷикон метавон баён кард.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Парчами давлатӣ мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, мардуми ватандӯсти мо ба парчами кишвар ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллӣ арҷ мегузоранд. Зери ливои озодиву соҳибихтиёрӣ муттаҳид гардида, бо мақсади ба кишвари мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азиз барои ободиву ояндаи гулафшони сарзамини аҷдодӣ бо азму иродаи қавӣ меҳнати софдилонаро идома дода истодаанд.
Парчами давлатии тоҷикон ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи Истиқлолияту дастовардҳои он ҳидоят намуда, ҳангоми чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон афрохта мешавад.
Дар ҷаҳони муосир беш аз 200 давлат соҳиби парчами худ буда, маҳз тавассути парчам онҳоро эътироф мекунанд, ки ин рамзи муқаддас муаррифгари давлатҳои мустақил ба ҳисоб меравад.
Дар чорабиниҳои сиёсии ҷаҳонӣ Парчами давлатии мо афрохта мешавад, ки ифодагари рамзи озодӣ ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамояд. Боиси шарафу иқбол аст, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонии варзишӣ барои дастовардҳои фарзандони бонангу номус Парчами давлатии Тоҷикистон баланд гардида, ифтихори соҳибдавлатии ҳар яки моро афзун мегардонад.
Ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ливои миллии мо дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки аз баландтарин пояҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифтихори ҳар як фарди Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин рамзи асолату ҳувияти миллӣ дар шаҳри Турсунзода қомат афрохта, майдон ва гулгашти Парчами давлатӣ бунёд гардид.
7 – сентябри соли ҷорӣ майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардид, ки ба майдони ифтихори ватандорӣ ва мавзеи саёҳату фароғати сокини шаҳр табдил ёфтааст.
Мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода дар баробари дигар сокинони кишвар зери Парчами давлатӣ барои ободӣ ва ояндаи дурахшони Ватани азиз меҳнати содиқонаро идома дода истодаанд.
Садҳо ҷавонони бонанги мо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ба музаффариятҳо ноил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ бо афрохтани Парчами миллӣ шарафу ифтихори миллати тоҷикро баланд бардоштаанд.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва қадршиносии рамзи муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар доимо устувор бошад.
Тарбияи насли наврас дар ин рӯҳия вазифаи ҳар як фарди соҳибватан буда, омили баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ғурури ифтихори давлатдории насли наврас маҳсуб меёбад.
Бигзор, Парчами давлатӣ, ки ифодагари истиқлол ва иттиҳоду сарҷамъӣ ба ҳисоб меравад, эҳсоси худшиносӣ, инсондӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии моро боз ҳам қавитар гардонида, ҳар яки мо зери ливои партавфишони Ватан ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми созандаи муҳтарам Пешвои миллат баҳри фардои дурахшон ва пешрафти Меҳани биҳиштосо меҳнати софдилонаву содиқона карда, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи олам боз ҳам афзун намоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Бо ибрози ниятҳои нек бори дигар кулли ҳамдиёронро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баландро таманно дорем.
Бигзор, парчами мо – ҳамчун ливои бахту озодӣ ва нишонаи соҳибдавлатӣ дар фазои беѓубори кишварамон то абад парафшонӣ намояд!
Ҷовидону парафшон бод, Парчами давлатӣ-таҷассумгари умеду ормонҳои миллат ва раҳнамои мо ба фардои неку гулафшон!
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *