Дар партави сиёсати инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат дар самти кӯмак ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам маъюбони деҳоти Сешанберо аёдат ва аз лиҳози моддиву маънавӣ онҳоро дастгирӣ намуданд. Раиси шаҳр зимни суҳбат изҳор доштанд, ки ниёзмандону маъюбон зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор дошта, мунтазам ба ғамхориву кӯмак фаро гирифта мешаванд. Бо […]
Ҳаёт ҷодаи пурпечу тобест. Чун дар шебу фарозаш раҳгум задӣ вой бар ҳолат. Иззату исмататро гум мекунию имону мазҳабатро. Дигар рӯзи хушро намебинӣ. Пайи манфиати дигарон ҷадал кардаву худиро ба нестӣ мебарӣ, ба бадбахтии ӯ мекушию хиёнат ба миллату Ватан ҷузъи ҷудонопазирӣ ҳаётат мегарданд.
Рӯзҳои охир сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони буҳтонсозиҳои ашхоси ғаразнок табдил гаштааст. Ҳамаи ҷойҳоро аз ҳангомасозиҳои марбут ба бозгашти Шарофиддин Гадоев пур сохтаанд. Дигар мавзӯи ҷолиби диққат гӯё барои ин ҷанобон намондааст.