Дар деҳаи Меҳнати деҳоти ба номи Турсун Туйчиеви шаҳри Турсунзода корҳои созанда идома дошта, дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвозаи деҳа сохта, ба истифода дода шуд.
Зимни суҳбат сокинони деҳа ба раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам иброз доштанд, ки дар деҳа корҳои созанда идома дошта, сокинони маҳал нақша доранд, ки бо чароғонкуниву таъмири роҳҳо ва шинонидани гулҳои ороишӣ маҳали худро ба ободтарин деҳаҳои шаҳр мубаддал гардонанд.