- 1.Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр –1 ҷой, маоши мансабӣ 1898 сомонӣ
- 2.Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804-00 сомонӣ;
- 3.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода- 1 ҷой маоши мансабӣ 660-00 сомонӣ
- Мутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода маоши мансабӣ 660-00 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804-00 сомонӣ;
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр
Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сешанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00 сомонӣ;
- Сармутахассис-сармуҳосиб, оморчии Ҷамоати деҳоти Пахтаобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00 сомонӣ;
- Сармутахассис-муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Пахтаобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00 сомонӣ;
- Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Пахтаобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894-00 сомони;
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Раҳмонов, маоши мансабӣ 732-00 сомонӣ
- Мутахассис оид ба корҳои андози Ҷамоати деҳоти Регар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600-00
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 У;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:
-3 собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малаки роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари шуъбаи
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботҳои тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, кўчаи М. Турсунзода 130/45, телефон: (8-31-30) 2-22-07, 2-25-96
www.tursunzoda.tj, Email: hukumattursunzoda@mail.ru
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.