Хоҷадорони Кооперативи истеҳсолии ба номи “Кенҷа Назиров”-и шаҳри Турсунзода дар баробари истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар ҳифзи муҳити зист ва корҳои ҷамъиятиву ободонӣ ширкати фаъолона меварзанд.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аксияи навбатии “Тозагии роҳ” санаи 8 август баргузор гардид, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии ба номи “Кенҷа Назиров”-и дар мавзеи вобасташудаи шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ба тозакорӣ машғул шуданд.
Шафати роҳ аз алафҳои бегона, партовҳои истеъмолии пластикӣ ва полиэтиленӣ тоза гардид. Дар қитъаи гулкорӣ обёрии гулҳои мавсимӣ, нарм намудани атрофи буттаҳои ороишӣ ва бартараф намудани партовҳои маишӣ амалӣ гардид.
Хоҷагии мазкур дар самти интихоби мавзеъи гулкорӣ, тибқи талаботи агротехникӣ сабзонидани гулу буттаҳои ороишӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зист ҳамкориро мунтазам вусъат медиҳад.
ЛОИҚ РАҲМОНОВ,
сардори ШҲМЗ шаҳри Турсунзода