Таҷлил

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ба муносибати Рўзи варзишгарони Тоҷикистон чорабинии ботантана баргузор шуд, ки дар рафти он роҳбаорияти шаҳрдорӣ, варзишгарон, мураббиёну собиқадорон, кормандони соҳаи варзиш ва намояндагони корхонаву ташкилоти шаҳр ширкат намуданд.
Чорабинӣ бо риояи талаботи беҳдоштӣ аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардид. Дар қисми тантанавӣ паёми табрикотии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба варзишгарон ва ҳозирин расонида шуд. Таъкид гардид, ки варзиш – гарави саломатии миллат ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти солимии ҷомеа ва тарбияи насли нерўманд саҳми арзанда дорад. Инчунин таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти варзиш шароити мусоид фароҳам омад. Аз ҷумла шаҳри Турсунзода дар қаламрави кишвар ва берун аз он баробари шаҳри саноативу кишоварзӣ будан, ҳамчун шаҳри варзишгарон низ шинохта шуд. Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар шаҳр беш аз 150 иншооти варзишӣ фаъолият намуда, дар майдону толорҳои варзишӣ ғолибони мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявӣва байналмилалӣ тарбия ёфтаанд. Соли ҷорӣ варзишгарони мо аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 124 медал аз ҷумла, 30 медали тилло, 52 медали нуқра ва 42 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар идома ба як қатор мураббиён ва варзишгарони муваффақ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр супорида шуд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *