Хабарҳо

БОЗДИД АЗ ХОНАИ КӮДАКОН

print

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони шаҳр ташриф оварда, бо шароити таълиму тарбияи бошандагони муассиса шинос шуд.

Зимни суҳбат бо хонандагои муассиса Акрамзода Парвиз Акрам иброз дошт, ки дастгирии ятимону бепарасторон аз самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, Шумо пайваста зери ғамхорӣ ва парастории муҳтарам Пешвои миллат қарор доред.

Дар ин ҳошия аҳли ҷомеаи кишвар, бахусус, соҳибкорону шахсони эҳсонкор дар баробари Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии Шумо  кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

Ҳамзамон Акрамзода Парвиз бо ҷараёни сохтмони бинои нави таълимии Хонаи кӯдакон шинос шуд, ки он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов бунёд гардида истодааст. Бино аз 16 синфхона ва 4 утоқи кории омӯзгорон иборат буда,  дар иншоот корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, корҳои рангу бор идома дорад.

Тибқи маълумоти соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов бинои муасссиса то 17 августи соли ҷорӣ омода ва мавриди истифодаи хонандагон қарор дода мешавад.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *