Иҷтимоиёт

ЭҲСОНИ ҲОҶӢ ҶӮРАБЕК МУҲИБОВ БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА НИЁЗМАНДОН

print

 

 

 

 

 

 

Бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории короновирус (СОVID-19) аз ҷониби соҳибкори муваффақи шаҳри Турсунзода ҲОҶӢ ҶӮРАБЕК МУҲИБОВ ба  марказҳои саломатии деҳавӣ, бунгоҳҳо ва хонаҳои саломатии ҳудуди ҷамоати деҳоти Регар 22 ҷуфт либоси махсуси муҳофизатӣ ва 500 адад ниқоби тиббӣ эҳсон карда шуд.

Ҳамчунин дар арафаи иди саиди Фитр ҲОҶӢ ҶӮРАБЕК МУҲИБОВ 120 оилаи ниёзманд ва маъюбону барҷомондагонро бо расонидан кӯмаки ғизоӣ аз қабили орд, равған шакар, макарон ва биринҷ дастгирӣ намуда, соҳиби савоб ва дуои хайри навбатии ниёзмандон гардид.

Дар шаҳри Турсунзода ҲОҶӢ ҶӮРАБЕК МУҲИБОВ ҳамчун ҷавонимарди ободгари Ватан шинохта шудааст. Бо мададу дастгирии ӯ дар шаҳр якчанд муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёду таъмир гардида, мавриди баҳрабардории сокинони маҳал қарор дода шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *