Масъалаи муҳииме, ки дар давраи вусъати бемории сироятии короновирус рӯ ба рӯи инсоният қарор дорад, таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати баланд дбардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи оқилонаи замин таъмини нақшаи кишти асосӣ ва беш аз 60 баланд бардоштани кишти такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ, таъмини нақшаи кишт ситоди фаврии корӣ дар самти кишоварзӣ таъсис гардида, ҳамарӯза дар маҳал вобаста ба масъалаҳои зикршуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст. Бо дарназардошти 60 % зиёд намудани кишти такрорӣ дар шаҳр 9378 га кишти такрорӣ аз ҷумла ғалладонагиҳо 5426 га, зироатҳои техникӣ 20 га, кортошка 200 га, сабзавот 2380 га, полиезиҳо 217 га ва хӯроки чорво 1135 га ба нақша гирифта шуда, барои иҷроиш ба хоҷагиҳо вобаста гардидааст.