Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар ҷараёни он мухбирони нашрияҳои “Ҷумҳурият”, АМИТ “Ховар”, “Садои мардум”, “Народная газета”, “Минбари халқ”, ҳафтаномаи “Фараж”, “Самак”, Баҳори Аҷам шабакаҳои телевизионии ТВ «Сафина», “Ҷаҳоннамо”, радиои “Тоҷикистон” “Садои Душанбе” ҳафтаномаҳои маҳаллии «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», маҷаллаҳои «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», телевизиони ҷамъиятии ТВ «Регар», радиои «Садои Осиё» иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода нахуст ба намояндагони ВАО вобаста ба натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2019 маълумот пешниҳод намуд. Дар идома саволу ҷавоб ва суҳбати ошкоро сурат гирифт.
Мухбирон вобаста ба масъалҳои то чӣ андоза иҷро гардидани арзу шикояти мардум, истеҳсол ва содиротии маҳсулоти кишоварзӣ, тадбирҳо вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат, истифодаи самараноки замин, иҷрои нақшаи буҷет ва андозбандӣомодагӣ ва корҳои созанда ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, баргузории корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҷиноят байни ноболиғон, пошхӯрии оилаҳо ва татбиқи қонунҳои миллӣ – “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Мухбирон назари шаҳрдориро вобаста ба маводҳои таҳлиливу танқидӣ пурсон шуданд, ки вобаста ба ин Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки маводҳои таҳлиливу танқидӣ ба нафъ ва пешравии кор буда, аз омилҳои асосии бартараф намудани камбудиҳост.
- Тайи 2 сол аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо ширкати телевизион ва радиои “Регар” барномаи “Мибари андеша”-ро роҳандозӣ намуда, роҳбарияти шаҳрдорӣ ва масъулини корхонаву ташкилот зимни гуфтугӯи мустақим ба суоли сокинони шаҳр посух мегӯянд, ки дар рафти он камбудиҳои ҷойдошта низ мавриди шарҳ қарор дода мешавад. Аз ин лиҳоз, дар самти нашр ва инъикоси маводу гузориши таҳлиливу интиқодӣ мо назари нек дорем, – иброз дошт Абдуқодир Вализода
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР