Хабарҳо

Ҷавоб Ба Маҳмурод Одинаев – Қофиласолори Тавтиа, Ҷиноят Ва Дурӯғ

print
Ҷавоб Ба Маҳмурод Одинаев – Қофиласолори Тавтиа, Ҷиноят Ва Дурӯғ

«Он чизеро, ки барои худ раво намедонӣ,

ба дигарон низ раво мадон». Конфутсий.

Маҳмурод Одинаев – муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ бори дигар халтаи дурӯғгӯӣ ва туҳматро боз кард. Ин мардак ба таври аҷиб вориди сиёсат шудааст. Аввал, писари калониаш, ки Суннатулло Ризоев ном дорад ва чандин сол пеш барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба 10 соли зиндон ба ҷавобгарӣ шудааст, абзори таблиғоти Одинаев шуд. Тамоми расонаҳоро бӯйи гандаи таблиғотии ин мардак ва писараш гирифт. Ҳангома карданд, ки дар маҳбасҳои ҷумҳурӣ озору шиканҷа ҳаст. Дуруст аст, ки касе дар Африқо ва ё Амрико шароити зиндонро истироҳатгоҳ нагуфтааст ва ҷинояткор бояд бо ҳузур пайдо кардан дар ин ҷойҳо изҳори пушаймонӣ кунад ва ислоҳ шавад. Вале, ин тафсир ба аъзои ин хонавода дахл надорад.Онҳо худро «моҳи беайб» ва «инсони фариштахӯ» мепиндоранд. Ҳоло ҳамин лоиҳа, вале бо ҷой иваз кардани номи писари дуюмаш ба гуфти «эрониҳо» дорад амалӣ мешавад. Маҳмурод чун эҳсос кардааст, ки маъракаи интихоботи парламентӣ дар авҷу хурӯш аст ва ӯ ҳам ба ҳар роҳи машруъву номашрӯъ номзад ба вакил аз сӯйи созмончаи кӯчагӣ-СДП пешбарӣ шудааст, номи писараш-номзад ба зиндонҳои россиягӣ – Акбар Одинаевро дар ВАО пеш овардааст. Дар пешванди номи Акбар, боз як калимаи нораво-«ҳоҷӣ» низ омадааст, яъне «ҳоҷӣ Акбар». Аҷиб аст. Ин миллат чӣ гуноҳ дорад, ки туморшикании «ҳоҷиакбарҳо»-ро дар 2 даҳсола имтиҳон ва озмоиш мекунад. Яке ҳам дар солҳои 90-ум, ки кишварро бо як чашмак задан ба ҷанги дохилӣ кашид ва дуюм ҳоҷӣ Акбари навбаромад, ки падараш чун мебинад, ки дар шаҳраки Сахарови Москва ба дуздӣ машғул аст, боз чун «фариштаи бегуноҳ» дар тамоми ВАО овоза парокандааст, ки писараш гум шудааст. Маҳмурод Одинаев дар ҷойи тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон» дар назди қонун ҷавоб гӯяд, аз писари роҳзанаш чеҳраи хабарсози ВАО месозад. Ин шахс боз ҳам бинобар тамоюли қавӣ ба қонуншиканиву тарғиби башараи ҷинояткорон, даъвои вакили парлумон шуданӣ дорад. Ӯ намунаи аҷиби вайронкунии қонунҳоро нишон медиҳад. Агар аз вай пурсида шавад, ки дар тарбияи писарат чаро кӯтоҳ омадӣ? Боварманд ҳастем, ки боз маорифу кӯчаро ва ҳамаро мутаҳҳам мекунаду ба ҷузъ худаш.

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,

Бошад андари ҷустани аби касон.

Фоҷиаи миллӣ аз он иборат буд, ки дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки шанси бебозгашт барои касби истиқлоли давлатӣ мавҷуд буд, қишрҳои ба ном рӯҳонӣ ба истеъмори ифротӣ лаббайк гуфта, миллатро пароканда, майлони давлатҳоҳиро тахайюл пиндошта, зарбаи сахте ба раванди миллатсозӣ заданд. Ин ҳангомаҳои Одинаевҳо ба фурсатталабоне мисли М.Салимпур, ки раги мухолифаташ бо давлат қавитар аз маҳорати касбиаш аст, пайти муносиби ба бероҳа кашидани миллатро мекунанд. Ин тоифаи ба зоҳир равшанфикр, вале тамоми умр чун масдари хизмати доираҳои наҳзатпарасту дар думи домуллоҳои салафияи такфирӣ кашол овезон ҳастанд. Ҳоло ҳамин тавтиаву дасисаҷуӣ нисбат ба СДП ва маҳз ба унвони чеҳрасозии Маҳмурод Одинаев дахл мегирад. Дар ҳошияи ин таноқузоти ақлӣ, саволе ба вуҷуд меояд, ки ин качбозихо чӣ маъно дорад? Ин ҷо чӣ сир пинҳон аст? Аз як дузди ғаддор ва зебу зиннати зиндон Ҳоҷиакбари Одинаев шахсият тарошидан, ё ақли падари ин писар гум шудааст ва ё байни Мирзои Салимпур ва ҳалқаҳои ҷангандоз боз муомилае дар пеш аст.

Дар фарҷоми қисса мо аз Маҳмурод Одинаев ва Салимпур бинобар олудагиҳои касбӣ ва хислатҳои бади шахсӣ ҳаргиз талаби тавба намекунем. Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, фақат муроҷиат менамоем, ки дар наздиктарин фурсат аз фалсафаи вуҷудии омили ғайбати равшанфикрони ҳомии роҳи ҷанг ва асҳоби онҳо раҳо шаванд ва бар хатсайри соликони масири миллат баргарданд. Дар сурати қабул нашудани ин хитобнома, атояшонро ба лиқояшон мебахшем, зеро устоди Айнӣ дар ин хусус ҳадафманд гуфта: Агар аҳмақон намебуданд, дунё хароб мегардид.

Фаридуни Ҳодӣ

Фаридуни Ҳодӣ

https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/548034029137310/

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *