Маориф Ҳисоботҳо

ҲИСОБОТИ ШУЪБАИ МАОРИФИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР СОЛИ 2019

print

         Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо таваҷҷуҳба супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии таҳсилот», «Консепсияи миллии тарбия», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинигардида равона карда, барои устувор гардонидани пояҳои модиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуд.

         Дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда ва бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаи норасоии ҷойҳои нишастдар ин давра ба бунёди бинои нави муҷаҳҳази таълимии №26 бо 20 синфхонамуваффақ гардида,дар муассисаи таълимии №11 як бинои нави таълимӣ бо 144 ҷойи нишаст, дар муассисаи таълимии №19 3 синфхонаю 1 толори варзишӣ,дар муассисаи таълимии №80 2 синфхонаи таълимӣ ва дар филиали муассисаи таълимии №103-и деҳаи Меликободи ноҳияи Шаҳритуз5 синфхона сохта ба истифода дода шуд.Дар робита ба ин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва ассотсиатсияи падару модарон сохтмони85синфхонаҳои иловагӣ, 2 толори варзишӣ ва 1 маҷлисгоҳ дар 14 муассисаи таълимӣва Хонаи кӯдакони шаҳр босуръат идома доранд.

         Дар 14 муассиса (№№1, 7,28,38,71,86,96,98,34,35,59,84,91, ва литсейи “Ворисони Сино”) таълим аз рӯи равияи табиӣ-математикӣ, дар 12 муассиса (Гимназияи2, №№2,8,12,15, 25,37,75,101,13,43,40) таълим аз рӯи равияи ҷамъиятӣ- гуманитарӣ ва дар 4 муассиса (Литсейи Президентӣ, №№5,37,12,43) таълим аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣва табиӣ- математикӣ ба роҳ монда шудааст.

         Алҳол дар тавозуни шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 литсей, 2 гимназия, 33 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 1 Хонаи  кӯдакон фаъолият менамояд, ки дар онҳо 63218 нафар хонандагондар 2802 синф бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии хонандагон30486 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар Хонаи кӯдакон 34 нафар корманди педагогӣ фаъолият намуда, 99 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Аз ин шумора 4 нафар дар гурӯҳи томактабӣ, 20 нафар дар синфҳои 1 – 4 ва 74 нафар дар синфҳои 5-9  дар муассисаҳои таълимии №№2 ва 101 ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз  шумораи умумии кӯдакон 40 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар муассисаи мазкур маҳфилҳои «Дӯзандагӣ», «Бофандагӣ», «Компютер», «Мусиқӣ», «Кадбону»,  «Рассомӣ», “Кишваршиносӣ”, «Варзиш» ва “Адабӣ” амал  менамоянд.

          Дар давраи ҳисоботӣ теъдоди кӯдакон дар 5  ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи шуъбаи маориф 810 нафарро ташкил дода, 64 нафар мураббиён фаъолият менамоянд. Шумораи кӯдакон дар 6 ширхоргоҳ-кӯдакистони тобеи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба 1379 нафар расида, 91 нафар мураббиён бо кори доимӣ таъмин мебошанд.Дар кӯдакистони хусусии “Наврӯз” 35 нафар кӯдак, ки  10 нафарашон духтарон мебошанд,  дар ду гурӯҳ аз ҷониби 2 нафар мураббӣ бо тарбия фаро гирифта шудааст. Дар маҷмуъ дар муассисаҳои томактабии мазкур 2224 кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади ба зинаи аввали таҳсил омода намудани кӯдакон  дар назди 75 муассисаи таълимӣ Маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст. Шумораи умумии кӯдакон дар 152 гурӯҳи таълимӣ  аз 2100 нафар иборат буда,995 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар соли таҳсили 2019-2020 теъдоди хатмкунандагони синфи 9  5240 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2018-2019 аз 5085нафар иборат буд. Аз шумораи умумии хатмкунандагони синфи 9 дар соли таҳсили ҷорӣ 2499нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

         Шумораи хатмкунандагони синфи 11 дар соли таҳсили 2019-2020  3461нафарро дар бар гирифта, аз ин шумора 1588 нафарашон духтарон мебошанд. Дар соли таҳсили соли 2018-2019хатмкардагони синфи 11аз 3395 нафар иборат буда, духтарон дар ин зинаи таҳсилот 1501 нафарро дар бар мегирифт.

Соли ҷорӣ аз 3395 нафар хатмкардагони синфи 11, ки 1501 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, 1974 нафар ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд, ки 58,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии хатмкардагон 1141 нафар ба муассисаҳои олӣ, 590 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, 21 нафар хонанда тариқи квотаи Президентӣ ва222 нафарба донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар дохил шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ хонандагон аз олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба хазинаи дастовардҳо 30 медали тилло, 23 медали нуқра ва 48 медали биринҷиро ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 медал зиёд мебошад. Дар робита ба ин тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф санаи 20 октябри соли 2019 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даври якуми олимпиадаи фаннӣ гузаронида шуд, ки дар он 7869 нафар хонандагони синфҳои 9-11 иштирок намуданд. Аз натиҷаи баргузории олимпиадаи мазкур2366 нафар ба даври дуюми олимпиадаи шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Даври дуюми олимпиадаи фаннии мазкур 1 декабри соли 2019 байни хонандагони синфҳои 11 аз рӯи 13 фанни таълимӣ дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 баргузор гардид, ки дар он 728 нафар хонанда иштирок намуд.Аз ин теъдод 94 нафар ҷойҳои намоёнро сазовор гашта, ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд. Дар байни хонандагони синфҳои 10 ва 9 бошад олимпиадаи фаннии мазкур санаҳои 8 ва 15- уми декабри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Дар ин давра 21 нафар хонанда ба гирифтани  стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмушарраф гардида, 50 нафар хонанда ба стипендияи Раиси шаҳри Турсунзода сазовор дониста шуданд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон духти 30816 адад либоси мактабӣ муқаррар гардида, ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур бо корхонаҳои дӯзандагии ватании ҶДММ «НассоҷииТоҷик», «Баракати Дилшод», «Таъминот-2013», «Азиз – компания»  ва соҳибкори инфродӣ АбдуллоеваУмеда шартнома ба имзо расонида шуд. Аз тарафи корхонаҳои мазкур 28935 адад либоси мактабӣ омода гардида, 2913 адади либосҳои мактабӣ падару модарон аз ярмаркаву бозорҳо харидорӣ намуданд. Дар маҷмуъ 31848 нафар хонандагон бо либоси мактабӣ таъмин гардиданд, ки 103% нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 87430 адад китобҳои дарсӣ,775 адад китобҳои бадеӣ ва 17775 адад китобҳои методӣ ба амбори шуъба ворид гардида, ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд.

Бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнии кӯдакон ва бедор кардани майлу рағбат ба омӯзиши касбу ҳунар дар назди шуъбаи маориф фаъолияти Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимуассисавии  хонандагон ва  Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимуассисавии хонандагон14 нафар омӯзгор фаъолият дошта, дар 24 гурӯҳ 287 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №№1,2,18,75,96,101 ба омӯхтани  касбҳои ронандагӣдӯзандагӣ, ҳамшираи хурди тиббӣ ва компютерӣ ҷалб гардидаанд.

Синфхонаҳои марказ бо айёнияту таҷҳизоти дахлдори таълимӣ  муҷаҳҳаз буда, омӯзгорон барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаву маҳорати хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ алҳол 35 маҳфил аз рӯи 22 намуд фаъолият намуда,36 нафар омӯзгорон  ба 1337 хонанда нозӯкиҳои касбро меомузонанд. Айни замон 9 маҳфил дар заминаи муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 5 маҳфил дар Осорҳонаи марказии шаҳри Турсунзода ва 21  маҳфил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 шумораи умумии омӯзгорон ба 4988 нафар расид, ки ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2018-2019 аз 4946 нафар иборат буд. Аз теъдоди умумии омӯзгорони соли таҳсили ҷорӣ 4115нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.Аз теъдоди умумии омӯзгорон 3038 нафар бо таҳсилоти олӣ,1256 нафарбо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта,694 нафар ғоибона дар муассисаҳои олии кишвар идомаи таҳсил намуда, аз шумораи умумии омӯзгорон 749 нафар дар рухсатии ҳомиладорӣ қарор дошта, 136 нафарашон нафақахӯр мебошанд.

6 нафар омӯзгор бо унвони фахрии «Корманди Шоиста», 2 нафар бо Ордени  «Шараф», 18 нафар бо медали «Хизмати Шоиста», 383 нафар бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва85 нафар ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  мушарраф гардидаанд.

         Бо мақсади дастгирӣба маоши 214 нафар  мутахассиси ҷавон, ки дар асоси роҳхат дар деҳот фаъолият менамоянд, бо дастрасии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 10 фоиз иловапулӣҳамроҳ карда шудааст.

         Аз 106/78 нафар мутахассисони ҷавоне, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор сафарбар гардидаанд, 64/47 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди шуъбаи маорифи шаҳр 22 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия, 21 муассисаи таълимӣ аз  аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, вазъи фаъолияти гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар 34 муассисаи таълимӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. Аз ҷумла дар 15 муассисаи таълимӣ аз фанҳои гуманитарӣ ва дар 16 муассисаи таълимӣ аз фанҳои дақиқ мониторинги сифати таҳсилот гузаронида шуд.

Дар ин давра мушовирони кабинети методии  шуъбаи  маориф ба 54 муассисаи таълимӣ ва 9 ширхоргоҳ-кӯдакистон  ёрии методӣ расонида, зимни он вазъи иҷрои корҳои иттиҳодияҳои методӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва ҳуҷҷатдории муассиса, нақшаҳои тақвимии омӯзгорон, сатҳи сифати дониши хонандагон аз фанҳои ОДҲ, тарбияи ҷисмонӣ, таъриху ҳуқуқ, математика, технологияи иттилоотӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ, санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, суруд ва мусиқӣ, рафти омодагӣ ба аттестатсияи аз синф ба  синфгузаронӣ ва хатм, масъалаи муносибат ба таълими салоҳиятнокӣ ва тартиб додани нақшаи кори иттиҳодияи методӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 24 омӯзгори фанни забони русӣ ва 37 омӯзгори фанни забони англисӣ ба курси такмили ихтисос фиристода шуданд. Илова бар ин беш аз 260 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 164 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ барои баланд бардоштани савияи дониши худ аз курси таълими салоҳиятнокӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидаанд. Ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт дар 10 муассисаи таълимӣ бо ҷалби омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ ҳои омӯзишӣгузаронида  шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби мушовирони кабинети методӣ дар 24 муассисаи таълимӣ ҷараёни иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии  Тоҷикситон  барои  солҳои  2019 ва иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  забони  давлатии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон» дида баромада шуда, натиҷаи корҳо дар ин самт дар Шӯрои шуъба ва ҷамъомади назди мудири шуъба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба ин, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба расонидани ёрии методӣ ба мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  №№2, 6, 84, 66, 9  мавриди омӯзиш қарор гирифта, рӯзҳои 20, 21 ва 22 августи соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии №№86, 75, 98 ва 119 бо ҷалби омӯзгорони  фанҳои  ҷамъиятӣ-  гуманитарӣ, табиӣ – математикӣ, директорони муассисаҳои  таълимӣ   ва  муовинони  онҳо, раисони  иттифоқи  касаба,  роҳбарони  созмони  таълабагӣ,  равоншиносон,  роҳбарони иттиҳодияи методӣ семинар машварати августӣ ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла дар  давоми  соли  2019  аз тарафи мушовирони кабинети методӣ зиёда аз  900  соат дарсҳои  омӯзгорони  фанҳои   гуногун  таҳлил  гардид.

Дар иртибот ба дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат кабинети методии шуъбаи маориф корро дар самти такмили ихтисосу бозомӯзии омӯзгорон идома дода, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 645 нафар омӯзгор ба курси  такмили  ихтисос  сафарбар  карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар байни омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ даври якуми озмуни «Муаллими сол» доир гардида, дар  натиҷа 9 нафар омӯзгор барои иштирок дар озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм Қурбонова Нигина-омӯзгори фанни забони русӣ дар Муассиссаи таълимии миёнаи умумии №86 холҳои баландро ба даст оварда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт.

          Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар ёздаҳ моҳи  соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи  маорифи шаҳри Турсунзода корҳои муайян ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати машғулиятҳо аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» ва ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ намудани синфхонаҳои компютерӣ бо роҳбарон ва шахсони масъули муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт  рӯзҳои 28,29 март ва 20 сентябри соли 2019 дар толори шуъбаи маориф бо ҷалби омӯзгорони фанни технологияи информатсионӣ дар мавзӯи «Насб ва истифодаи антивирус»3 семинарии омӯзишӣ ташкил ва  баргузор карда шуд. Илова бар ин дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» санаи 20 феврали соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ» гузаронида шуда, аз натиҷаи ономӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаи №18-и шаҳри Турсунзода Бегматов Насим ҷойи намоёнро ишғол намуд.

          Бо таваҷҷуҳ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо мақсади татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» соли ҷорӣ аз ҷониби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шуъбаи маориф корҳои муайян ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла Комиссия мазкур дар давраи ҳисоботӣ дар назди зиёда аз 50 муассисаи таълимӣ дар мавзӯи бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро суҳбату вохӯриҳо баргузор намуд. Ҷиҳати пешгирии ноболиғон аз оворагардӣва дигар амалҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимӣ 10 рейди муштарак  гузаронида шудааст. Бо мақсади тақвияти корҳо дар ин самт дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯҳои “Мо зидди нашъмандӣ” ва “Нашъа вабои аср мебошад” озмуни расмкашӣ ташкил  шудааст. Илова бар ин дар давоми соли ҷорӣ бо котибони масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 2 семинари омӯзишӣ ва бо падару модарони хонандагони душвортарбияи муассисаҳои таълимии №№ 4,11,8,40,98 сӯҳбату мулоқот доир карда шуд.

          Ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили дур мондани ноболиғон аз таҳсил, оворагардӣ, даст задан ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои худкушӣдар назди муассисаҳои таълимӣ комиссияҳо оид ба татбиқи қонуни мазкур амал карда, фаъолияти онҳо зери назорат қарор дорад.

         Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва қарори раиси шаҳриТурсунзодааз 28 декабри соли 2016, №1201 “Дар бораи нақшаи амалҳо доир ба амалишавии Стратегияи миллии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар шаҳри Турсунзода” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидааст. Бо мақсади татбиқи нақшаи корӣ гуруҳи таблиғотию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, барои дар байни кормандони шуъба ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ муваззаф гардидаанд.Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои банди 1-и нақшаи мазкур санаи 30 сентябри соли ҷорӣ бо ҷалби роҳбарони 125 муассисаи таълимӣ муҳтаво ва моҳияти Стратегияи миллии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 мавриди шарҳу тавзеҳқарор гирифта, ҷиҳати тақвияти корҳо ва пурзур намудани фаъолият дар ин самт дастуру супоришҳо дода шуд.

        Дар робита ба ин бо мақсади пурзур кардани  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣҷадвали баргузории вохӯриҳо таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи он гузаронидани беш аз 25 суҳбату мулоқот дар байни 75 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Чунин суҳбату мулоқот санаҳои 2,16,30 октябри соли 2019 дар муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва санаҳои 13,20,27 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият доир гардидааст, ки ин раванд идома дорад. Зимни баргузории суҳбату мулоқот ба хонандагону омӯзгорон филми мустанад бо номи”Сад пушаймонӣ аз Сурия”ба намоиш гузошта шуд.  Дар робита ба ин, баҳри пешгирии ҳуҷумҳои иттилоотии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣҷадвали пешниҳоди мақолаҳо аз ҷониби ҳайати кормандони муассисаҳои таълимӣ тасдиқ гардидааст, ки тибқи он навиштани 10 мақола дар маҷаллаи”Нури маърифат пешбинӣшудааст. То имрӯз барои чоп 3 мақола пешниҳод гардидааст.

Яке аз вазифаҳои муҳими соҳа ин дар мавсими таътил ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Тобистони имсола дар «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб 54 нафар фарзандони кормандони соҳаи маориф ва 4600 нафар мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳои таълимии назди мактабҳо дар ду баст истироҳат карданд. Ҳамзамон, бо дастгирии кумитаи итифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳр ва ба 30 нафар фарзандон аз оилаҳои камбизоат ба фароғатгоҳи «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Варзоб ба таври ройгон роҳхат ҷудо карда шуд. Ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд дар ин давра аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри  Турсунзода ба маблағи 12150 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шудааст.

Бахшида ба иди Наврӯз ба 35 нафар кормандони собиқадо ва барҷомондаи  соҳаи маориф маводҳои хӯрока ва дар арафаи иди Рамазону Қурбон ба 20 нафар собиқадорон ба андозаи 2000 сомонӣ ёрии моддӣ расонида шуд. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак ба ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида ба солгарди Иди Ғалаба ба андозаи 200 сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Бо мақсади табобату фароғат ба 200 нафар кормандони соҳаи маориф ба осоишгоҳҳои ҷумҳуриявии “Зумрад”, “Уротеппа”, Хоҷа-Оби –Гарм” ва осоишгоҳи-табобатии КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” роҳхат ҷудо гардид. Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода дар арафаи иду ҷашнҳо ба 169 нафар кормандони фаъолу пешқадам ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

         Бо мақсади омодагӣ  ба давраи тирамоҳу  зимистони солҳои 2019-2020 дар назди шуъбаи маориф ситоди корӣ  ташкил карда шуд, ки дар 4 ҷаласаи худ масъалаи зимистонгузарониро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи нақша дар муассисаҳои таълимӣ 652 тонна ангишт,  574м3 ҳезум ва 1024 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Шумораи печкаҳои аловӣ 1272 ададро ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таълимӣ 31 адад генератор ва 623 адад асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ  мавҷуд аст, ки дар ҳолати корӣ қарор доранд.

         Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамчун яке аз муҳимтарин санадҳои батанзимдарорандаи одобу ахлоқ арзёбӣ намудаанд. Бинобар ин дар партави дастуру супориши муҳтарам Пешвои миллат Комиссияи ҷамъиятии назди шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода оид ба татбиқи қонуни мазкур дар давоми солчунин  корҳоро ба анҷом расонид.

        Тибқинақшаикориикомиссияиҷамъиятӣдар 26 муассисаитаълимӣбоҷалби хонандагонисинфҳоиболоӣвападарумодарони онҳомоҳиятиқонунимазкуршарҳ додашуд. Аз ҷумла, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар 14 муассисаи талимӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана

ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Барои амалӣ намудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди шуъбаи маорифи шаҳр иборат аз 7 нафар комиссияи ҷамъиятӣ амал мекунад.

Инчунин дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд, ки шумораи онҳо 504 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо тибқи Низомномаи комиссияҳои ҷамъиятӣ ҳар шаш моҳ як маротиба ба комиссияи ҷамъиятии назди шуъбаи маориф маълумотнома пешниҳод менамоянд.

Дар давоми сол мувофиқи маълумотномаҳои комисияҳои ҷамъиятии назди муассисаҳои таълимӣ 12 тӯю маърака ва се маъракаи аъзодории кормандони соҳаи маориф ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамаи ҷашну маросими миллӣ, давлатӣ ва санаҳои таърихӣ  дар доираи муқаррароти қонуни номбурда ташкил ва гузаронида шудаанд.

 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  забони  давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон»

         Дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои татбиқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи нақша фаъолият мекунанд.

      Айни замон дар  шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимие, ки  пурра бо забони ғайридавлатӣ фаъолият  мекунанд, мавҷуд  нестанд.

      Бо мақсади рушди забони давлатӣ дар байни  хонандагони муассисаҳои таълимӣдар мавзуъҳои «Ҷавонон пайрави  Пешвои миллат», «Аз Паём то Паём», «Об барои рушди устувор» ва   «Президенти мо- раҳнамои мо», “Тоҷикистон ватани азизи ман” озмуни  “Иншои беҳтарин” гузаронида шуданд. Ғолибон бо тӯҳфаҳо сарфароз  гардонида шуданд.

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон озмунҳои “Расми беҳтарин” ва “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи  “Тоҷикистон Ватани азизи ман”дар байни хонандагони синфҳои 5-6 гузаронида шуд, кихонандагони муассисаҳои таълимии №91, 101 ва 12 ғолибият ба даст оварданд.

         25 нафар омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Дар муассисаҳои таълимӣ 22.09.2019  рӯзи Рӯдакӣ ва 30.09.2019 рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ қайд карда шуд.

       Бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳагию адабӣ  гузаронида шуд.

      Бо омӯзгорони фанни забони давлатӣ ва забон ва адабиёти тоҷик тибқи нақша ҳар моҳ аз тарафи мутахассисони кабинети методӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Барномаи  давлатии такмил ва  омӯзиши забонҳои русӣ ва

англисӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои 2015-2020

      Айни ҳол дар муассисаҳои таълимиии шаҳр  399 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 286 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ, 37 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ,15 нафар ғайриихтисос ва 61 нафар ғоибона дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил доранд.

Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ 305 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ  фаъолият доранд, ки аз онҳо 220 нафарашон дорои таҳсилоти олӣ, 5 нафар ғайриихтисос, 80 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ  мебошанд, ки аз онҳо ва 20 нафарашон  ғоибона дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил менамоянд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 25 нафар омӯзгорони фанни  забони русӣ ва 37 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ барои баланд  бардоштани  савияи  дониши  худ  ба  курси  такмили  ихтисос  ба шаҳри Душанбе сафарбар карда шуда,  260 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 164 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курси салоҳиятнокӣ гузаштанд.

Дар муассисаҳои таълимии №13,34,40,48,10,25,86, 101,103 ва гимназияи 2 семинари омӯзгорони фанни забони русӣ ва дар муассисаҳои таълимии №№55,26,101,28,39,38,45,94,71 семинари  омӯзгорони фанни забони англисӣ  гузаронида  шуданд.

Аз тарафи мутахассисони кабинети методӣ ба омӯзгорони фанҳои  забони русӣ ва англисии дар 19 муассисаи таълимӣ  ёрии методӣ расонида шуд.

«Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020

Ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур дар ёздаҳ моҳи соли 2019 чунин корҳо анҷом дода шуд:Дар муассисаҳои таълимии №№35,8,1,71,37,86,47,10,12,34,92,36,96,101,91,33,26 чорабиниҳои гуногуни фарҳангию экологӣ гузаронида шуданд.

Бо назардошти эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ  озмунҳои “Расмкашӣ” ва “Иншои беҳтарин” дар мавзӯъҳои «Кӯкнор”, “Зарари сигоркашӣ», мусобиқаҳои варзишӣ, соатҳои тарбиявӣдоир ба мавзӯъҳои «Касалиҳои сирояткунанда, вараҷа, тифи шикам, зардпарвин», «Нашъамандӣ – вабои аср», «Кашидани тамоку ва сигор манъ аст!» ва корҳои беруназсинфӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию экологӣ  гузаронида шуданд.

Тибқи фармоиши Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.01.2019, №4 ва фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.01.2019, №65 “Оид ба гузаронидани муоинаи тиббии мактаббачагон”  дар давоми моҳҳои феврал-марти соли равон 31 ҳазор нафар хонандагон аз ташхиси ВНМО гузаронида шуданд.

Бо мақсади иҷрои супориши протоколии Раиси шаҳри Турсунзода оид ба 900 рӯзи ободонӣ шанбегиҳо, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ ҷараён дошта, бо шиору овезаҳои дахлдороро дода шудаанд.

Баҳри баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ суҳбату чорабиниҳои гуногун гузаронида шуда, омӯзгорони фанҳои биология ва экология дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ ва нисфирӯзӣ доир ба тоза нигоҳ доштани муҳити атроф, деҳаву маҳалла ва шаҳр, ҳифзи боигариҳои табиат дар мавзӯъҳои «Оби тоза-гарави саломатӣ», «Табиати тоза-кафолати солимии ҷомеа», «Ҳифзи боигариҳои табиат-вазифаи насли наврас», «Пешгирӣ намудани нашъамандӣ ва худкушӣ»  суҳбатҳо намуданд.

   Дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмуни “Тоҷикистон сарчашмаи обҳои зулол” гузаронида шуд, ки дар ин озмун хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 ғолибият ба даст оварданд.

     Бо мақсади иҷрои супориши протоколии раиси шаҳри Турсунзода аз 14 майи соли 2018 ва фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 28 майи соли 2018, таҳти №88 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода гурӯҳи «Табиатдӯстони ҷавон» таъсис дода шуд.  Гурӯҳи мазкур ба тозаву озода намудани саҳни муассисаи таълимӣ, кӯчаҳои шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва маҳалаҳои худ саҳмгузорӣ намуда, ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонданд.

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории пайдошавии норасоии масуният (БПНМ) бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ намояндагони   Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО-и шаҳри Турсунзода ва кормандони ҳифзи хуқуқ   дар  мавзӯи «Кӯкнор ва оқибати он», «Касалиҳои сироятӣ ва пешгирии  он», «Тамоку вабои аср»вохурӣ гузаронида шуд.

Барномаи миллии рушди ҷавонон барои солҳои 2019- 2021

         Тибқи нақшаи корӣ ҷиҳати иҷрои  барномаи  мазкур  кормандони соҳаи маориф як қатор корҳоро  ба сомон расониданд.Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳиҶумҳурии Тоҷикистон,Рӯзи модарон ва Иди наврӯз конфренсияи илмӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардид.

Бахшида ба рӯзи зодрӯзи Устод Мирзо Турсунзода дар Кохи Дӯстӣ чорабинии тантанавии илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр гузаронида шуд. Инчунин дар якчанд муассисаҳои таълимӣ бо иштироки омӯзгорони ҷавон ва хонандагони фаъол конфронси илмӣ баргузор гардида,доир ба зиндагии устод якчанд саҳначаҳо намоиш гузошта шуд.

Баъдан дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи 7-май бахшида ба иди Ғалаба чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ гузаронида шуд.

Бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида, дастовардҳои хонандагони муассисаҳоро ба  намоиш бароварда шуд. Илова бар ин дар муассисаҳои таълимӣ озмуни «Иншои беҳтарин» дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» гузаронида шуд.

Дар ҳамкорӣ бо Бахши ҷавонони шаҳри Турсунзода 2  семинари омӯзишӣ ва дар мавзӯи «Ҷаҳонро сарсабзи аз об аст» озмуни расмҳои беҳтарин гузаронида шуд.

Барномаи  давлатии экологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2009-2019

Ҷиҳати татбиқи барномаи мазкур ва дар доираи нақшаи ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои вобасташуда ва муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ҷараён гирифта, дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ин давра 1297 бех дарахтони сояафкан, 704 бех дарахтони мевадиҳанда, 3138 бех   гулу буттаҳои ороишӣ  ва 484 адад дарахти арча шинонида шуд. Аз ҷумла, бо мақсади кабудизоркунӣ шинонидани 400 бех ниҳоли дарахтони паҳнбарг, ороишию сояафкан, 1060 бех гулҳои садбарг ва буттагулҳои ороишӣ ва 350 бех дарахтони мевадиҳанда дар давраи тирамоҳ ва баҳори соли 2019-2020 ба нақша гирифта шудааст.

Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва

миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020

      Айни ҳол дар шаҳри Турсунзода 3 адад муассисаи таълимии хусусӣ-Гимназияи №2, Гимназияи “Роҳи Дониш”ва Литсейи «Ворисони Сино» фаъолият менамоянд. Дар онҳо2178 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки  аз ин теъдод 579 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҷараёни таълим дармуассисаҳои мазкур дар 83 синфдар асоси шартномаи хизматрасонии пулакӣ ба роҳ монда шудааст.

         Аз 61 нафар хатмкунандагони синфи 11-и Гимназияи №2 16 нафар ба муассисаҳои таълимии олии кишвар ва 45 нафар ба муассисаҳои таълимии хориҷии кишвар ва аз литсейи «Ворисони Сино» 32 нафар ба муассисаҳои таълимии олии кишвар ва 11 нафар ба муассисаҳои хориҷии кишвар таҳсилро идома дода истодаанд.

         Дар муассисаи хусусии томактабии “Наврӯз”  35/10-нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

      Аз тарафи соҳибкор Хоҷаева Фирӯза сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ, ки дар суроғаи кӯчаи П.Тоҷиеви шаҳри Турсунзода идома дорад.

      Бахшида ба рӯзи 1-июн “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” ҷамъомади тантанавӣ  гузаронида  шуд.

Барномаи  таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони

Ҷумҳурии Тоҳикистон барои солҳои 2009-2019

      Ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур  нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф  таҳия ва тасдиқ гардида, дастраси роҳбарони муассисҳои таълимӣ гардонида шудааст.

      Дар байни толибилмони муассисаҳои таълимӣ озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзуҳои «Ҳукуқ ва вазифаҳои хонандагон», «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он» шабнишиниву конференсияҳои илмӣ – адабӣбаргузор гардид.

      Дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ гӯшаи ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, дар он адабиёти ҳуқуқӣ гузошта шудааст, ки омӯзгорону   хонандагон  аз  онҳо  истифода  мебаранд.

       Аз тарафи аъзоёни Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону хонандагон оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки хусусияти гражданӣ ва меҳнатӣ доранд, вохӯриҳо гузаронида шуд.

       Комиссияи кор бо ноболиғон дар муассисаҳои таълимӣ  ташкил карда шудааст, ки дар асоси нақшаи корӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Комиссияи мазкур дар якҷоягӣ бо роҳбарони синфҳо бо хонандагони душвортарбия кор мебаранд.

Бо мақсади пешгирии хонандагон аз даст задан ба ҳодисаҳои номатлуб онҳо ба махфилҳои гуногуни фаннӣ ҷалб карда шуданд.

      Инчунин дар якҷоягӣ бо кормандони  ШВКД  дар  шаҳри  Турсунзода бо хонандагони  муассисаҳои таълимӣ вохӯриҳо дар мавзӯъҳои “Пешгирии  қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ,шомилшавии  ҷавонон ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  иртиҷоӣ корҳои  фаҳмондадиҳӣ  бурда  шуд.

Барномаи  рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2011-2020

         Бо мақсади иҷрои барномаи мазкур  дар байни хонандагони синфҳои 8-11-и муассисаҳои таълимӣ мафҳуми инноватсия ва талаботҳои барномаи мазкур фаҳмонида дода шуд.

   Дар  муассисаҳои  таълимӣ  аз тарафи омӯзгорони пуртаҷриба  хонандагони навҷӯю навовар  ба маҳфилҳои  «Техникони ҷавон», «Химикони ҷавон», «Географони ҷавон», «Ҳуқуқшинос», «Суханвари беҳтарин», «Математикони ҷавон», «Варзишгарони ҷавон», «Муҳрабофӣ», «Кашидадӯзӣ», «Рассомони ҷавон», «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ», «Хаттотони беҳтарин», «Ҷулоҳӣ», «Қаннодӣ» ва “Омӯзиши компютер”  ройгон ҷалб карда шуданд.

     Дар Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар 119 гурӯҳ 1337 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба 22 адад маҳфилҳои кулолгарӣ, забони русӣ, ҳайкалтарошӣ, забони англисӣ, Адибони ҷавон,  рассомӣ, суруд ва мусиқӣ, муҳрасозӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ, кашидадӯзӣ, футбол, волейбол, гулдӯзӣ,  химикони ҷавон, кишваршиносӣ, гулпарварӣ, ровиёни ҷавон, фалак, боғдорӣ, шоҳмот, шашка, кадбону ҷалб карда шудаанд.

  Л. РАҶАБОВА,

 мудири шуъбаи маориф

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *