Суханрониҳои раис

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ВАЛИЗОДА АБДУҚОДИР ИСУФ БАСОКИНОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди шаҳри Турсунзода соли 2020-ро бо руйдодҳои муҳиму фараҳбахш  пешвоз гирифтанд. Аз ҷумла, таърихи 26 декабри соли 2019  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, аз ҷониби мардуми сарбаланди мо ҳамчун дастурамалӣ фаъолияти меҳнатӣ қабул гардид.

Боиси ифтихор ва хурсандии мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода аст, ки дар оғози соли 2020 аввалин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шаҳри мо доир гардид.

Муҳтарам Пешвои миллат бо дастовардҳои соҳаи кишоварзии шаҳр шинос шуда,  барои истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати рушди соҳа ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ ба меҳнаткашон маслиҳатҳои муфид доданд.

  Ҳамдиёрони гиромӣ,

          Дар Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд, ки дар амал татбиқ намудани он вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Паёми Сарвари давлат  роҳнамоест, ки ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи кишвар пазируфта шуда, дар асоси он нақшаи чорабиниҳо тартиб ва баҳри татбиқи он мардуми кишвар меҳнати софдилона менамоянд.

         Дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати  рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода соли 2019  кӯшиш ба харҷ дода, ба як қатор натиҷаҳо ноил гардид.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ нисбат ба соли гузашта 6,8 фоиз афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,2 фоиз, ҳаҷми корҳои сохтмонӣ беш аз 2,9 фоиз  боло рафт.  Инчунин, дар ҷамъбасти сол хизматрасонии пулакӣ 11 фоиз ва савдо 9,9 фоиз зиёд гардид.

Шаҳри Турсунзода бо кишоварзони  асил ва меваю ангурҳои шаҳдбор машҳури кишвар буда, соли 2019 бо мақсади ғановати дастархони ҳамдиёрон нисбати соли гузашта 5,2  фоиз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуданд.

Вобаста ба иҷрои Амри Президенти кишвар барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати бунёд ва барқарорсозии беш аз 330 иншоот ба нақша гирифта шуд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ 133 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, беш аз 15  км таъмири мукаммал ва зиёда аз 71 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардид.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандон ва сокинони шаҳри Турсунзода дар озмунҳои чумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори зинаҳои ифтихорӣ гардидиданд. Боварии комил дорем, ки дар соли ҷорӣ низ иштироки ҳунармандони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ вусъат ёфта, бо дастовардҳои назаррас  эътибори шаҳри моро боз ҳам афзун мегардонанд.

Ҳамдиёрони азиз!

         Ташаббуси созандаи муҳтарам Пешвои миллат оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуда, эътибору нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошт. Дар ин замина Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми мамлакати мо дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем.

          Соҳаи маориф аз самти афзалиятноки Ҳукумати мамалакат арзёбӣ гардида, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ  дар шаҳр биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардид. Кормандони соҳаи маорифи шаҳрро мебояд  дар баробари дастгириҳои давлат ва муҳтарам Пешвои миллат сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонанд. Наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ   пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

         Ҳамдиёрони гиромӣ,

         1 марти соли ҷорӣ интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо деҳот баргузор мегардад. Вазифаи ҳар яки мост, ки ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдонро пешниҳод ва интихоб намоем. Вобаста ба ин масъала  муҳтарам Пешвои миллат зимни ироаи Паём фармудаанд, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед.

Мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзода,

         Ҷиҳати татбиқи чорабиниҳо дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳтарам Пешвои миллат  таъкид намудаанд, ки мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшида, барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем. Инчуин ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тҷикистон Сарвари давлат изҳор доштанд,  ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.

         Ҳамдиёрони гиромӣ,

Боварӣ ва умед дорем, ки шумо-сокинони бо нангу номуси шаҳрамон боварии муҳтарам Пешвои миллатро сазовор  гардида, ба хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои шаҳру деҳот, назди идораҳои ташкилоту муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, бо меҳнати дастаҷамъона ба шаҳр ҳусни тоза зам менамоед.

Тозаву озода, гулпӯшу ҳамешасабз нигоҳ доштани атрофи биноҳои баландошёна, бозору марказҳои савдо, роҳраву, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдону варзишгоҳҳои шаҳр, риояи талаботи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои ҳар яки мо қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, баёнгари фарҳанг ва  масъулияти баланди шаҳрдорӣ мебошад.

Дар ин маврид вакилон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, пирони рӯзгордида ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳру деҳот ҷиҳати ободониву созандагӣ, ташаккули маърифат ва риояи суннатҳои шаҳрдорӣ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

Ҳамзамон бо истифода аз фурсати муносиб ба тамоми мардуми шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони бонангу номус, саховатпеша ва олиҳиммат, ки бо дасту дили гарм ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоем ва боварӣ дорем, ки дар ин ҷода минбаъд низ камари ҳиммат мебанданд.

Ҳамдиёрони азиз,

         Боварӣ дорем, ки мардуми бонангу номус ва бомаърифати шаҳри Турсунзода ба масъалаи рушди деҳот, сайёҳӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бунёди роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Чуноне, ки муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола қайд намуданд, ки мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем.

Ҳамдиёрони азиз,

         Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолияту озодии давлатамонро чун неъмати муқаддас гиромӣ дошта, пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллатро амалӣ намуда, ба хотири шукуфоиии шаҳри азизамон ва Тоҷикистони озоду маҳбуб саҳми арзандаи худро гузорем.

         Бо ҳамдиливу дастаҷамъӣ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро ки аз Паёми навбатӣ ва зимни сафарашон ба шаҳри Турсунзода бармеоянд, мо метавонем саривақт ва босифат иҷро намуда, бо рўњияи созанда ва дастовардҳои назаррас љашни Наврўзи байналмилалї ва 30-солагии Истиқлолияти давлатиро пешвоз гирем.

         Баҳри иҷрои амалҳои неку бунёдкорона дар ободонии шаҳри азизамон бароятон муваффақиятҳо ва фатҳу иқболи навро  таманно дорем.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *