Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар фазои идона боз як иншооти иҷтимоӣ – Маркази саломати деҳаи Батош ба истифода дода шуд. https://www.youtube.com/watch?v=_BHdDzDtZkI
Дар маросими ифтитоҳи марказ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа ва раиси шаҳри Турсунзода Абдукодир Вализода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии оилаи Сайфуллоевҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз таҳхона, 2 ошёна ва 24 ҳуҷраи тиббӣ иборат буда, барои расонидани хизмати тиббии рӯзона, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида,27 нафар кормандони соҳаи тандурустиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд. Илова ба ин дар деҳа аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо 2 км роҳи нақлиётгард бо маблағи беш аз 2 млн. сомонӣ ва дигар корҳои ободонӣ гузаронида шуд.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ илова намуд, ки дар барбари дигар мардуми кишвар сокинони ватандӯсти шаҳри Турсунзода дар ободонии Ватан ва иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Ҳукумати кишвар саҳми мунсиӣб мегузоранд.
– Бо истифода аз фурсати муносиб ба оилаи Сайфуллоевҳо аз номи Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуда, боварӣ дорам, ки минбаъд низ дар ободонии ватани азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд, – иброз дошт Ватанзода М.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа кормандони маркази саломатии деҳавиро бо ифтитоҳи чунин иншооти муосир табрик намуда, даъват ба амал овард, ки ба аҳолӣ хизмати босифати тиббӣ расонида, ҷиҳати ҳифзи саломатии мардум содиқона хизмат намоянд.
– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази мазкур як таҷҳизоти муосири ултрасадо ва барои маъюбон 10 аробачаи маъююбиро ҷудо намудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси Марказ карда мешавад, – иброз дошт Олимзода Насим Хоҷа.
Соҳибкор Фирӯз Сайфуллоев изҳор дошт, ки ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ дар ояндаи нздик ба Марказ боз як нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда мешавад.
КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР