Хабарҳо

БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

print

16 ноябр – Рӯзи Президент

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардид. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр – ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Вақте  ки мо дар мавриди ин иди милливу давлатии Тоҷикистон сухан мегӯем, пеш аз ҳама, аз Институт ё ниҳоди президентӣ ёдовар мешавем, ки он меҳвари калидии низоми сиёсии Тоҷикистони имрӯза аст ва Асосгузори ин ниҳод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба андешаи ман, таҳкими истиқлолияти давлатии тоҷикон бевосита ба ташаккули ниҳоди президентӣ  вобастагии мантиқӣ дорад. Буҳрони шадиди сиёсии солҳои аввали истиқлолияти давлатии мо маҳз бо  ибтикори стратегии  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф гардид. Хусусиятҳои фавқулодаи сарварии  Пешвои миллат ба  ӯ имкон доданд, ки чунин як низоми сиёсие  дар Тоҷикистон ташкил гардад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад. Чуноне ки дар боло зикр гардид, асоси ин низомро ниҳоди президентӣ ташкил медиҳад.

Миллати тоҷик, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  ба доми фиреби як гурӯҳ зиёиёни  ба ном  “миллатпараст” афтода, баъдан   ба гирдоби низои  шаҳрвандӣ  ворид гашту роҳи халосиро аз он намедид,   имрӯз бори аввал   дар таърихи инкишофи  худ соҳиби Пешвои миллат гашт  ва дар атрофи ӯ муттаҳид шуд.  Иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат  зери фишори душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо  шикаст нахӯрд ва ӯ тавонист, ки бо  истодагарӣ ва ҷасорати худ  ҷанги шаҳрвандии тоҷиконро ба анҷом расонида, сулҳу суботро  дар Тоҷикистон   таъмин намояд. Сулҳе, ки Пешвои миллат  ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт.  Ҷомеи ҷаҳонӣ ва дӯсту душмани сарзамини мо шоҳиди он гаштанд, ки миллати тоҷик Пешвое дорад ва  ӯ  миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро  маҳфуз дошта метавонад.

Эмомалӣ Раҳмон нангу номуси миллати моро ҳифз карданд…. нангу номуси ҳар як тоҷикро ҳифз карданд. Пешвои миллат нагузоштанд, ки миллати тоҷик сархаму пароканда бошад. Хислату тафаккури адолатпарастона ҳидоят мекард, ки  пайваста дар андешаи наҷоти Ватан  аз вартаи ҷанг бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон тамоми  истеъдоди сиёсии худро баҳри овардани сулҳ ба Ватан равона намуданд. Ин як имтиҳони ҷиддии таърих ва сарнавишт дар ҳаёти ин абармарди бузурги тоҷик буд. Пешвои миллат ин  санҷиши таърихро  сарбаландона паси сар намуда, хуб дарк менамуданд, ки ҳоло имтиҳонҳое бузурге баҳри наҷоти миллату ояндаи дурахшони он  дар пеш ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи  гузаронидани музокироти  байни тоҷикон  Асосгузори сулҳу ваҳдати   миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги  ваҳдатгароӣ  замина гузоштанд, ки он имрӯз  унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии  ҷомеаи тоҷик мебошад.  Ин падидаи хеле муҳиме дар афкори сиёсии мост.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар ватани мо, рушди  босуботи кишвар дар  шоҳроҳи  демократкунонии ҷомеа  ва  ваҳдати миллӣ,  маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии   муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  амалӣ шуда истодаанд. Инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо  раванди босуръати ҷаҳонишавӣ   робитаи амиқ  дорад. Мо шоҳиди  тағйироти бузург дар  молия ва иқтисоди ҷаҳон,  бархӯрди тамаддун ва фарҳангҳо, муташанниҷ гардидани вазъи геополитикӣ дар  минтақаҳои гуногуни сайёра  ҳастем, ки ин падидаҳо бевосита  ба раванди  ҷаҳонишавӣ  вобаста  мебошанд. Тоҷикистони азизи мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ аз таъсири мусбат ва манфии раванди чаҳонишавӣ эмин монда наметавонад.  Аз ин рӯ,  муҳтарамПешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ба ин масъала диққати хеле ҷиддӣ медиҳанд. Барои таъмини рушди  босуботи Тоҷикистон  дар давраи ҷаҳонишавӣ    Пешвои миллат  назар ва ё дидгоҳи стратегии  худро доранд, ки амалишавии он  аз оғози фаъолияти  ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Пеш аз ҳама,  сухан дар бораи   ҳифз ва таҳкими истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон меравад, ки Пешвои миллат ба  ин ҷанбаи инкишофи Тоҷикистон   аҳамияти махсусан ҷиддӣ медиҳанд.

Имрӯз мақсади  ягонаи халқи тоҷик бунёди ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди  дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад,  баробарҳуқуқии ҳар як узви ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи  зисту зиндагии  мардум шароити  зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон меъмори аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон аст, ки  он дар асоси мардумсолорӣ ва беҳтарин арзишҳои демократияи муосири ҷаҳонӣ ва бо такя ба суннат ва анъанаҳои миллии мо сохта шудааст. Таъкид кардан мехоҳам, ки давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд. Ин мавқеи принсипиалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад  ва ман ҳамчун ватандору ватанпараст комилан ин мавқеи сиёсии роҳбари давлатро дастгирӣ менамоям. Ҳар давру замон  мушкилоти ба худ хос доранд ва он танҳо  дар асоси муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат бартараф мегардад.

Тоҷикистон    дар   раванди тағйироти  нави  бунёдкориву  созандагӣ,  аз ҷумла,  бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, баланд бардоштани рӯҳияи  ифтихори  миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Президенти кишвар дар иншои   асарҳои  гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва  зиндаву  ҷовид  гардонидани   чеҳраҳои мондагори   илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат  ва сарнавишти  мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида,  бо  пешниҳоду   ташаббусҳои байналмилалӣ  дар сатҳи  ҷаҳонӣ  мақоми  хосса дорад, ки ин маҳбубият  на танҳо  боиси боварию  эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори  тамоми  тоҷикони  ҷаҳон аст.

Бинобар ин   мардуми Тоҷикистон  Рӯзи Президентро ҳамчун иди бузурги миллӣ  ва рамзи  эҳтирому эътиқод  эътироф  намуда, маҳбубияту  шукргузории   хешро дар ин рӯз  ба  Президенти кишвар ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистон самимона   изҳор  менамоянд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша сазовори шукр ва  эҳсон аст, ки  ба  абармардону фарзандони бо ору номусаш, ки  қобилияти маърифатии  хеле баланд доранд, бояд  таҳсину  шукрона  хонд.

Ҳамроқул Ҷӯраев,

«Алюминийи Тоҷикикстон»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *