Хабарҳо

Арзёбии холис кофист то моҳияти ин сафарҳо ошкор гардад

print
Дар дипломатияи муосир аксари раду бадалҳои байни давлатӣ ки фарогири самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиянд, дар давоми солиёни дароз роҳандозӣ шуда, мавриди омўзиш қарор гирифта баъдан тавассути сафарҳои корӣ ва вохуриҳои сарони давлатҳо ба имзо мерасанд ва баъдан мавриди амал бароварда мешаванд. Дар замони истиқлолият ки Тоҷикистон ба ҳайси субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва равобити муносибатҳои дипломатиро ба кишварҳои гуногцни ҷаҳон ба роҳ монд. Дар шароити имрўзаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кишвар наметавонад бидуни робитаву муносибат ба кишварҳои дигари олам дар танҳоӣ масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии хешро анҷом диҳад. Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар равобити мутақобилаи ҳамешагӣ байни субъектҳои он қарор дорад. Ҳатто абарқудраттарин кишварҳои ҷаҳон дар робитаву муносибат аз лиҳози иқтисмоӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо кишварҳои дигари ҷаҳон қарор доранд. Тамоми ин робитаю муносибатҳо дар чорчубаи созишномаҳо ва меморандиумҳои ҳамкории дуҷонибаи бисёрҷониба, ки зимни вохурии сарони давлатҳо ба тавсиб мерасад, амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ки имрўз зиёда аз 200 давлати дунё ва созмонҳои минтақавӣ аз қабили ИДМ, СҲШ, СПАД, САҲА ба созмонҳои ҷаҳонӣ аз қабили СММ ва зери сохторҳои он дар робитаи ҳамешагӣ қарор дорад ва бо онҳо созишномаҳои муаяйнеро ба имзо расонидааст, ки аз онҳо то ҳанўз баҳрабардорӣ менамоянд. Сафарҳои Президенти кишвар ҷиҳатҳои муҳими иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию маънавиро дар бар мегирад. Аҳамияти ин сафарҳоро метавон ба тарзи зайл дастабандӣ намуд.

  1. Ин сафарҳо дорои аҳамияти иқтисодӣ буда, зимни онҳо созишномаҳои тарафайн ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷумла таъсис додани корхонаҳо ё филиали корхонаҳо, ворид намудани технологияи навин, сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, бозорёбӣ, тиҷорат ва амсоли инро дар бар мегиранд, ки имкон медиҳанд минбаъд як пешрафти куллие дар ин самт ба вуҷуд ояд.
  2. Ҷиҳати сиёсӣ зимни мулоқотҳо, гуфтушунидҳо ва вохурии сарони давлатҳо бори дигар сиёсати хориҷии кишвар муайян гардида, мустақилияти кишвар ва тасмимгириҳои сиёсии он ҷиҳати робита ва муносибат ба кишварҳои дигар муайян мегардад. Ҳамчунин манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон муайян гардида зимни табодули афкор ва бастани шарномаҳо онҳо ҳамчун меҳвар қарор гирифта симои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро муаяйн месозанд.
  3. Табодули фарҳангӣ сурат гирифта робитаҳои фарҳангии қавӣ мегарданд ва бо фарҳанг, дастовардҳо, таърих, ҷойгоҳ, таъсиргузорӣ, арзишҳои кишварҳои мутақобила, ошноӣ пайдо менамоянд. Дар ин замина бахши ҷаҳонгардиву сайёҳӣ рушд намуда таъриху осори кишварҳои гуногун муаррифӣ мегарданд.
  4. Ин сафарҳо метавонанд кишварро муаррифӣ намуда таърих, арзишҳо, фарҳанг, мавқеи ҷойгиршавӣ, захираҳои табиӣ, имкониятҳои рушд, дурнамои рушд, қонунгузорӣ, шакли давлат ва амсоли инро муаррифӣ намоянд. Дар аксари ин сафарҳо мулоқоти роҳбари давлат ба тоҷирони сармоягузорони кишвари мизбон сурат мегирад,ки зимни он имкониятҳои кишвар дар самти иқтисодӣ дар шакли лоиҳаҳои ифодагари манфиатҳои тарафайн муаррифӣ мегарданд.Ҳамин аст,ки тайи 28 соли ахир зимни сафарҳои Сарвари давлат Тоҷикистон муаррифӣ гардида имкониятҳои он ва таъриху фарҳанги моро кишварҳои гуногун шинохтанд ва пазируфтанд.
  5. Аҳамияти таҷрибавиву бозомўзӣ доранд. Мусаллам аст, ки зимни сафарҳои сарвари давлат ҳайатҳои муайян аз бахшҳои гуногуни ниҳодҳои иҷтимоӣ аз қабили ниҳодҳои иқтисодӣ омўзишу парвариш, илм, тандурустӣ, амниятӣ ва дигар соҳот ҷалб мешаванд, ки зимни ин сафарҳо вобаста аз самти хеш таҷрибаи наверо аз худ мекунанд, ки онро метавонанд, минбаъд дар раванди кори хеш дар ниҳоде, ки ба он роҳбарӣ мекунанд, истифода намоянд.  Ҳамчунин дар рафти ин сафарҳо мавқеи кишвари мизбон аз рўи шохисҳои иқтисодию иҷтимоӣ  муайян гардида роҳҳо ва шеваҳои рушди он ва то ба дараҷаи ҳозира омада расидани он мавриди омўзиш қарор мегиранд, ки мо минбаъд таҷрибаи онҳоро низ вобаста аз вазъиятҳо ва тайёр будани кишварамон аз лиҳози маънавию иқтисодӣ метавонем онро дар кишварамон татбиқ намоем.
  6. Аҳамияти маънавию ҷаҳонбинӣ доранд. Пеш аз ҳама ин сафарҳо ба ҳар кишвари мавриди назар аз лиҳози таърих маънавиёт, фарҳанг, арзишҳо, зинаҳои рушд, тарзи давлатдорӣ, сатҳи илму фарҳанг, дастовардҳои навини илмию фанноварӣ, ҳайатҳои ширкатварзро таъсиргузор буда ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти онҳоро доир ба кишварҳои мавриди назар роҳи рушди онҳо таҷрибаю таърих, бовару эътиқод, дараҷаи ташаккули иҷтимоӣ, дидгоҳҳои сиёсию иҷтимоӣ, мардумсолорӣ ва амсоли ин дигар мекунанд.

 

Вобаста ба куллиёти аҳамияти сафарҳои сарвари давлат ба хориҷи кишвар гуфтан мумкин аст, ки курдилоне, ки дар хориҷи кишвар ба сиёҳ кардани давлату миллат машѓуланд ва дар тамоми фаолияти хеш ҳеҷ амали хуберо барои пешрафти кишвар анҷом надодаанд, аз рўи ѓаразу кина ин сафарҳоро як амалҳои беарзиш унвон мекунанд. Инҳо боре ба худ суол намекунанд, ки дар бомдоди истиқлол мо дар кадом вазъ будем, чи муаррифие джар байни кишварҳои минтақаву ҷаҳон доштем равобиту муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоиямон ба кишварҳои минтақаву ҷаҳон дар чи поя буд ва имрўз дар чи поя қарор дорад ва то чи андоза  ин сафарҳо аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон таъсир гузоштаанд, ошкор хоҳад шуд. Танҳо зарур аст ѓаразҳоро канор гузорем ва таҳлилҳоро холисона баррасӣ намоем, он гоҳ хоҳем дарк кард, ки ин сафарҳо воқеан барои миллат ва мардуми кишвар ниҳоятан сермаҳсул будаанд.

 

Эҳсони Илҳом

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *