Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои тавсеаталаб барои густариши қаламрави нуфузи сиёсиву маъмурии худ бо баҳонаҳои мухталиф ба умури дохилии кишварҳои дигар дахолат мекарданд ва яке аз шеваҳои маъмулии чунин амали онҳо ин дарёфти нуқтаҳои заъф ва дастгирии афроду ниҳодҳои эътирозгару исёнкоре буд, ки дар ҳамон давлатҳо ва ҷомеаҳо нуфуз доштанд. Давлатҳои тавсеаталаб бо дастгирии чунин ашхосу гурӯҳҳои эътирозгар аз дохил заминаҳои ихтилофу низоъро дар ҷомеаҳое, ки ба объекти сиёсиашон табдил додан мехоҳанд, ба вуҷуд меоварданд ва баъдан аҳдофу иддао ва эътирозу исёни ин гурӯҳҳоро ҷонибдорӣ карда, ҳимояти онҳоро ҳимоят аз адолату инсоф муаррифӣ менамуданд ва ба ин васила баҳонаи дахолати худро ба корҳои дохилии давлатҳои дигар ба вуҷуд оварда мекӯшиданд, ки барои амалкардҳои беасоси минбаъдаашон ҳадди ақал зоҳиран асосе эҷод кунанд.
Ин шеваи қадиму маъмулии дасисаангезӣ ва дахолати сиёсии давлатҳои тавсеаталаб дар замони кунунӣ бо назардошти пешрафти технологӣ ва фаровонии имконоти таъсиргузориҳои идеологиву иттилоотӣ хеле такмил ёфтаву беш аз ҳад мураккаб шудааст. Найрангу айёрии сиёсӣ то ба ҳадде расида, ки баъзе қудратҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ ба ҳайси «ҳомиёни ҳуқуқи башар» ва бо иддаои ҳифзи ҳуқуқи башар ба торумори башарият машғуланд. Амалиёти бардавому густурдаи ҳарбии неруҳои ифротиву тундгарое чун гурӯҳҳои «Давлати исломӣ», «Бокуҳарам», «Толибон», «Ал-қоида», «Ҷамоат-ул-ансор», «Ҷамоат-ул-муҷтаҳидин» ва ғайра, ки мутаассифона, ҳар яке аз онҳо чандин пуштибонҳову сарпарастони абарқудрат доранд, далели возеҳу рӯшани иддаои болост.
Ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ низ чун дигар аҳзоби тундраву гурўҳҳои ифротгарои номбаршуда ҳамин гуна абзори идеоложӣ ва сиёсиест, ки аллакай таҷрибаи эҷоди мушкилот ва муборизаи мусаллаҳонаро дорад. Робитаи мустақими ин ҳизби тундрави мамнуъшуда бо сарпарастону сарпаноҳони бурунмарзиаш ба ҳамагон маълум аст.
Яке аз далелҳое, ки иртиботи наҳзатиҳоро бо баъзе доираҳои манфиатдори Ғарб бори дигар исбот мекунад, дар Юнон аз маҳбас озод гардидани яке аз масъулони ТЭТ ҲНИТ Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов) мебошад.
Аммо хабари озод гардидани аъзои ин хизби терористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунише тунде рў ба рў шуд. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин амали Ғарбро, яъне пуштибони намудани як террористро сахт маҳкум карданд.
Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар робита ба ин мавзуъ ба наҳзатиҳо хитоб карда, дуруст навиштааст, ки «Шуморо Аврупоиҳо бар зидди миллату давлати худатон нигоҳу бин дорад».
Мисоли воқеии чунин худбохтагӣ дар асри муосир режими охундии ҶИЭ мебошад, ки низоми тоталитарии диниро эҷод карда, як кишвари ободу озодро ба мазористон табдил кардааст. Чунин нақшаҳоро Ғарб дар вақташ матраҳ карда буд ва имрӯз низ ин иштибоҳи худро бо дастгирии ҲНИТ-и террористӣ мехоҳад такрор кунад. Дар ҳоле, ки қазияи Каталония чеҳраи дуруғини демократмаоб будани доираҳои ҳукмрони Ғарбро нишон дод. Воқеан ҳам ҳар коре ки ғарбиҳо мекунанд, ба хотири он аст, ки ин ҳизби терористиро бар зидди миллату давлат истифода бурда, кишварро ноором кунанд.
Як корбари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба масъалаи Кузов навиштааст, ки «Ин хоинро бояд ба Тоҷикистон оварда, судашро дар ин ҷо мекарданд, дар Юнон чӣ медонанд, ки ин хоин чӣ корҳое кадааст дар ҳаққи Ватан». Воқеан ҳам Юнон аз Тоҷикистон фарсахҳо дур аст ва эҳтимолан хабар надорад, ки ин дастаи ҷиноӣ (ҲНИТ) дастҳои хунин дорад ва дар тули фаъолияташ ҳамеша террору қатлу ғорат кардааст.
Роҳбарияти ҲНИТ дар баёнияҳои худ ҳамеша бо як дуруягӣ пойбандии хешро ба идомаи мубориза барои бунёди ҷомеаи мардумсолор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор мекунад. Дар ин маврид бояд ба эътибор гирифт, ки мафҳумҳои «демократия» ва «мардумсолорӣ» ҳамчун шакли идоракунӣ ва давлатдории мардумӣ аз дидгоҳи усулӣ ва бунёдӣ бо шакли давлатдории динӣ мутазод буда, куллан бо он носозгор аст ва инро магар Ғарб намедонад. Дар шакли давлатдории динӣ агар қавонини иҷтимоӣ дар истинод ба муқаррароти шаръӣ қабул карда шаванд, дар шакли давлатдории демократӣ қонунҳо дар асоси раъй ва хостаҳои мардум мавриди қабул қарор мегиранд.
Аз ин рӯ, аҷиб аст, ки феълан раҳбарияти ТЭТ ҲНИТ ва пуштибонони урупоии ин ҳизби террористӣ бар хилофи ин масъалаи бунёдӣ ва мавқеъгирии аслии ҳизбии худ риёкорона ҷонибдории хешро аз арзишҳои демократӣ ва ҷомеаи мардумсолор вонамуд мекунанд. Ин ба ҷуз аз манфиатҷуию бозии сиёсӣ чизи дигаре нест. Ҳадафи ҲНИТ аз ин гуна мавқеъгирии риёӣ танҳо он аст, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳониро ба сӯи худ мутаваҷҷеҳ созад.
Набояд фаромӯш кард, ки ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Набиев Ёралӣ
Аслан ТЭТ ҲНИТ “дастпарвар”- и ҳамон нерӯҳои сиёсии хориҷиест,ки зери ниқоби “озодии башар” фаъолият карда, ниятҳои нопоки худро дар дигар кишварҳои ҷаҳон амалӣ менамоянд. Фаъолияти ТЭТ ҲНИТ исботи ин гуфтаҳост. Аз дину оин сухан карда, паси пардаи поки ислом ба куштори аҳли зиё даст зада, бо фармони хоҷагони хориҷӣ оқибат сентябри соли 2015 РУИ АСЛЛИ ХУДРО ошкор намуданд.