Нуқтаи назар

БАР  ПАДАРИ  ПЕШВОИ  МИЛЛАТ  ҲАЗОРОН   РАҲМАТ

print

         Дар шабакаи ҷаҳонии «Интернет» гузориши мухолифини ҳукумати  вақтро дар мавзуъҳои гуногун гуш кардам. Диққати маро бештар  гузорише зери унвони «Падари Эмомалӣ Раҳмон кист?» ҷалб кард ва   баъди шунидани гузориш ба таҳиягарони ин барнома нафратам бештар  шуд. Зеро оила, шаъну шарафи шахсиятҳо дар тамоми ҷаҳон мутобиқи  қонунҳои байналхалқӣ дахлнопазир аст.

         Ин гузориш аз он шаҳодат медиҳад, ки мухолифини ҳукумат аз  фарҳанги муошират, одоби  баҳс дуранд.  Ба ҷои камбудиҳои ҷомеаро  нишон додан, барои ислоҳи он даъват кардани мақомот ба таҳқири   шахсият даст мезананд.

         Ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, ҳамаи режимҳо мухолифини худро доранд.  Бояд мухолифини давлату ҳукумат агар мақсадашон хизмат ба ватану  миллат бошад,  камбудиҳои   ҷомеаро  нишон дода, барои бартараф  кардани он сайъ мекарда бошанд, дар доираи қонун, боодобона, бе  таҳқири  шахсият фаъолият намоянд. Имрӯз кӣ будану чӣ ном доштани падари Пешвои миллат барои аҳли ҷомеа рӯшан аст. Чунин фарзанди фарзонаи  миллат аз  камари ӯ ба дунё омадаву ӯ аз падари  худ ифтихор мекунад.

      Мухолифин мегӯянд, ки падари Эмомалӣ  камбағал буд, 12 сол касалии барҷомонда буд. Аммо  намегӯянд, ки падари  худашон чӣ хел буд, бой  ё камбағал. Дар замони Шӯравӣ аслан бою камбағал набуд. Ҳама баробар буданд. Агар падари гузоришгар он замон бой буд, пас ӯ дузди   моликияти давлату  халқ  будааст.

      Ҳазорон бор бар падару модари Пешвои миллат раҳмат, ки чунин  фарзандро  ба дунё  овардаанду тарбия  кардаанд.  Онҳо чи хел зиндагӣ  мекарданд,  чи  гуна  ҳаёт доштанд, кори шумо набошад.

       Волидони Эмомалӣ Раҳмон шахсони тақводору Худодод будаанд. Агар Худодод  намебуданд, фарзандашон ба ин дараҷа  намерасид. Як халқи парешони  ҷангзадаро ба ин дараҷа сарҷамъ намекарду мамлакатро ба ин дараҷаи тараққиёт  намерасонд.

       Агар падарони Шумо, мухолифини муҳтарам ҳам, мусулмони ҳақиқӣ  мебуданду Худо  мегуфтанд, ки  фарзандашон шахсони барҷаста, пешвои  миллат шаванд, шояд Шуморо имрӯз ин мартаба  насиб мегардид.

      Бале ӯ  назаркардаи Худост.  Худо ӯро ба тахти салтанат нишонда,  тақдири 9 млн. мусулмонро  ба  дасти  ӯ  супоридааст.

      Дар охир як мақоли хеле маъмули тоҷикиро ёдраси Шумо карданиям:  «Бо  Худододагон  ситеза  макун,  ки   онҳоро  Худо  додааст!»

    Н.  РАБИЕВ, сокини шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *