Хабарҳо

КОШ, ХОБАШ РОСТ МЕБАРОМАД

print

Кош, хобаш рост мебаромад

(Ба ҷойи памфлет)

         Муҳиддин Кабирӣ хоб дид, хоби даҳшат. Яке аз ҳаммаслаконаш, полковники хиёнаткор Гулмурод Ҳалимов аз гўр ба ў номаи эътирозӣ

менавишт. Бо мазмуни зайл: “Номард будаӣ, Кабирӣ. Моро ба роҳи терроризм тела додиву сагмурдориро насибамон гардондӣ. Бад кардему бад дидем.Чанд тан дар сарзамини ғайр ҳаром бимурдем. Бекафану беватан. Ман яке аз онҳоям. Ҷасади маро мисли саги дайдуи мурда гўронданд. Бе салоти ҷаноза. Ту бошӣ, ҳамчун наҳзатии палид гуреза хастӣ дар ким –кадом кишвар, бо миллионҳо доллари бо роҳи фиреб азхудкардаат  айшу ишрат дорӣ. Ин айшу ишратат рўзе заҳрат мешавад…” Кабирӣ тарсида, аз хоб хест. Дастонаш ларзида, зери лаб ояте хонд. Аз афташ, тавалло мекард ба Худо, то ўро ба рўзи сахт гирифтор накунад.

         Чашмонаш пўшида шуданд. Боз хоб дид. Дар нори ҷаҳаннам месўзад. Аз сўзиши ҷон фарёд мекунад. Аммо фарёдрасе нест. Танҳо аз ҷониби биҳишт ба гўшаш мерасад овозҳои касони бегуноҳи аз дасти наҳзатиҳо кушташуда: “Аҷаб шуд, Кабирӣ. Ҷойи ту барин наҳзатиҳо дўзах аст!”. Аз худ онсўтар ҷасади яке аз наҳзатиҳои хунхор Мулло Абдулло Раҳимовро дид. Месўхт. Аз ғояти тарс Кабирӣ фарёд зад. Аз фарёди ҷонкоҳ бедор шуд. Ба оина нигарист. Рангу рўяш парида, мисли барги хазонхўрда. Яксаду панҷоҳ фоиз бовар кард, ки хобҳои дидааш бебало не. Ҳолаш рўзе чунин хоҳад шуд.

Ҳа, ин ҳамон Муҳиддин Кабирие, ки солҳо Ташкилоти экстеримистиву террористӣ-ҲНИ-ро падари бетарбия буд. Ва ба ин ҳизби мамнуъгардида имрўз низ худро “шеф” мепиндорад. Ба ин кирдори ў ба хотир меояд мақоли халқ: “Дар деҳа касе намонд, буз худро Абдукарим ном ниҳод”.

Ин наҳзатӣ баъзан  маскуни кишвари Олмон, ватани террористи гузаро, ҷаллоди рақами 1 дунё Адолф Гитлер. “Воизони” лаққиву аблаҳ дар атрофаш. Девори фарсудаи идеологияи бардурўғи ўянд. Ангушти ҳайрат мегазӣ: чаро Кабири дар ватани Гитлер ҷойгузин шуд? Ва шояд бо ҳадафе, ки арвоҳи ин террористи рақами 1 ба ин наҳзатии бедодгар мадад бикунад. Кош, мадад мекард: мисли Гитлер ба худкушӣ даст мезад!

Муҳиддин Кабирӣ бечунучаро хоини Ватан. Аз зумраи он зотест, ки “Фарқи наҷосат нашиносад зи қанд”. Имрўз магасест дар оши бегонагон. Бо хирагиаш магас ба худ марг меҷўяд. Аниқ, рўзе ба доруи “асалмонанде” мечаспаду “виз-виз” карда, “капут” мешавад…

Мегўянд, ки лошахўр мурдаи ҳайвон мехўрад, аммо аз хўрдани ҷасади “зори” террорист ҳазар мекунад. Сабаб он будааст, ки ў бадбўйтарин “маслуқ” буда, аз ҷасадаш бўйи наҷосат меояд. Кирму мўр мехўрад дар дашти биёбон мондаи террористро. Ҷазои чунин хоинони Ватан чунин бод!..

  А. Икромӣ,                                 

  журналист.                               

Дар зери акс:

М. Кабирӣ:- Таъбири хобам чӣ бошад-а?..

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *