Машварати Варшава минбари музокирот бо мухолифин нест!
Чунки ҷиноятпешагон наметавонанд мухолифин бошанд!
Хуб, инак машварати ҳарсолаи САҲА дар Варшаваи Лаҳистон оғоз гардид. Атрофи ин машварат ҳамеша сару садою ҳангомаҳо зиёданд. Махсусан созмонҳои “дурўя”, сомонаҳои иғвоангез ва ташкилотҳои тафриқасоз дар ин ҳангом бозори туҳмату ҳарзаҳояшонро метафсонанду, лофи “фақириву ҳақирӣ”, “ҳақиқатпарастиву озодихоҳӣ” ва “ифшои режими ғайридемократӣ”-ро дар кишваре бозоргираш мекунанд. Аҷибаш ин ки, ҳангоматалабҳои интернетӣ ба мисоли он ки кадом гипермаркети Олмонӣ ба нархҳои молу колояш тахфиф эълон кардааст, пой болои ҳамдигар монда, пайи ин “иттилооти арзоншуда” медаванд…
“Озодӣ”, ки борҳо аз забони “озодихоҳон”-и наҳзатӣ озодии воқеии суханро дар кишвари мо зери шубҳа гузоштааст, аз минбари худ озодона (эътибор диҳед – ОЗОДОНА!!!) ин машваратро майдони баҳси мақомот ва мухолифини тоҷик номидааст.
Магар ҳамин тавр ҳаст? Албатта на! Худатон қазоват кунед, иштирок дар чунин машварат ихтиёрист. Ҳар давлат, ташкилот, гурўҳ, фаъоли ҷамъиятӣ ва нафари хоҳишманд (бале ХОҲИШМАНД!) барои иштирок дар он аризаашро қаблан тариқи интернет ба созмон ирсол мекунад, танҳо баъд аз ин ба номи аризадиҳанда даъватнома фиристода мешавад. Яъне ҷониби Тоҷикистон мухтор аст, метавонад дар ин машварат иштирок кунад, метавонад иштирок накунад, ҳарчанд, ки узви комилҳуқуқи ин созмон асту дар он иштирок мекунад!
Ҳоло мо медонем, ки аз ҷониби Тоҷикистон як ҳайати босалоҳият дар ин машварат ширкат мекунанд ва на ба хотири музокирот бо мухолифин. (Дар матлаби мазкур истилоҳи “мухолифин” зуд – зуд истифода мешавад, ба он хотир, ки ин гуруҳи тайлоқҳои меъдаю рўдаашон бо пурхўрӣ аз ҳисоби пули бедардимиён иллат пайдокарда, хеле зиёд худро мухолифини мақомоти Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон меноманд, ки ин ҳам хандаовар аст.)
Узви ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин машварат, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи РАҲНАМО дар суҳбаташ бо АМИТ “Ховар” ҳадафи иштироки ҳайати Тоҷикистонро чунин шарҳ додааст: “Банда се ҳадафи асосии ҳайати давлатро дар конфронси Варшава чунин мушаххас карда метавонам. Якум, муаррифии дуруст ва қатъии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рўзномаи конфронс. Дуюм, инъикоси объективии воқеиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар мавзўъҳои матраҳшаванда дар он ҳамоиш ва сеюм, рўшанӣ андохтан ба саволу дархостҳое, ки иштирокчиёни ин конфронс дошта бошанд. Ҳадаф ва рисолати ҳайат ҳамин аст”. Фикр мекунам дар ин матлаб дар шарҳи дигари ҳадафи иштироки тоҷикистониён дар машварати Варшава зарурат боқӣ намондааст.
Акнун, бобати мухолифин. Ҳар яки мо бояд донем: Магар метавонад чанд саргумкарда, ки шуморашон ҳатто ба сад намерасад, мухолифи беш аз 9 млн нафар мардуми осоишта бошад? Ин ҳангоматалабон магар ҳамонҳое нестанд, ки ҳоло ҳам изи хуни тоҷикистониён дар остини пероҳанҳои оҳаркардаашон нарафтааст? “Мурғ аз пурхурӣ як сурохаш танг шуда, садояш баланд шудааст”-у, “садои ғару дузд баланд аст” гуфтаанд. Ҳамин ғару дузду қотилон набуданд, ки чанд соли охир оромиву суботи Тоҷикистонро бо ҳар роҳу васила мехостанд халалдор созанд? Ҳамин осиёни хиёнаткор набуданд, ки бо аъмоли манфурашон тамоми қавонини расмиву диниву одамгариро шикастанд? Ҳамонҳое нестан, ки имрўз ҷинояткору, террористу экстремисташон эълон кардаанд онҳоро? Бале, ана ҳаминҳо ва ҳамин баринҳо ҷор мезананду садо баланд мекунанд. Акнун худатон қазоват кунед, магар мумкин аст бо террорист сари як миз нишаста, музокирот кард?
Ҳоло дар бораи созмонҳои ҳангоматалаб. Аз як ҷониб, тамоми созмонҳои маъруфи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллати тоҷиконро эътироф намудаанд. Аз ҷониби дигар созмонҳое ҳастанд, ки дар раҳи ҳифзи гурўҳҳои манфиатдор тамоми имконоташонро масраф мекунанд. Сипас мисли “мусичаи бегуноҳ” аз як ҷониб “музокирот”-ро тамошобин мешаванд. Барои чунин созмонҳо намуду натоиҷи “музокирот” муҳим нест. Барои онҳо муҳим нест, дар натиҷаи “музокирот”-и таҳиякардаашон як мулки обод харобу мардуми он оғуштаи хун шуданашон мумкин аст. Ин ҷо низ онҳо “таҷриба меомўзанд”. Агар ҳамин тавр, пас ба “музокирот”-е, ки созмонҳои шубҳаангез таҳия ва баргузории онро маблағгузорӣ мекунанд, бояд бо шубҳа назар кард.
Дар шароити имрўзаи ҳассос умуман ба ҳама чиз, ки ба мисоли “панири ройгони даруни дом” аст, бо назари шубҳа бояд нигоҳ кард. Ба қавли русҳо: “Надо смотреть в оба”.
Афшини Бежан,
журналист.