Хабарҳо

ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.

print

Дар шаҳри Турсунзода даври шаҳрии озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…” ҷамъбаст гардида, ғолибон ҷиҳати иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода  иброз дошт, ки   озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 ва амри раиси шаҳри Турсунзода аз 29 марти соли 2019,№49 бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  гузаронида шуд.

  • Дар шаҳри мо дӯстдорони китоб кам нестанд ва дар озмун  довталабони зиёд номнавис шуданд, вале озмун дорои талаботи хос буда, донишу маҳорати баландро талаб менамояд, аз ин лиҳоз беҳтаринҳо тавонистанд, ки ба натиҷаҳои баланд комёр гарданд, –  изҳор дошт С. Холмаҳмадзода.

Сипас натиҷаи баҳогузории ҳакамон ва ғолибон эълон гардид. Дар  номинатсияи якум – аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик  Муҳаммадиева Нодира омӯзгори МТМУ №119  ғолиб ва сазовори ҷойи 1 дониста шуд. Зинаи 2 насиби Ханҷарова Нодира донишҷӯи ДМТгардида, Қурбонова Ганҷина донишҷӯи ДМТ ҷойи 3 –ро ишғол намуд.

  Дар номинатсияи дуюм-аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик хабарнигори озод Ҳотам Рабиев дастболо гардида, ҷои 1-ро соҳиб шуд. Дар ин номинатсия Аминов Исмоил-хонандаи МТМУ№59 сазовори ҷои 2 гардида,  Шарипова Гулбаҳор – хонандаи МТМУ№37 ба зинаи 3 баромад.

Ғолиб ва гирандаи ҷойи 1 дар номинатсияи сеюм – аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Саодати Рабеъ хонандаи  МТМУ №2 дониста шуд. Бойматова Мафтуна хонандаи МТМУ №13 ҷойи 2-ро ишғол намуда, ҷойи 3 бошад, ба Қурбонализода Марҷона- хонандаи МТМУ №94 насиб гардид.

Дар номинатсияи чорум – аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон Саидова Динора МТМУ№59  сазовори ҷойи 1 гардида, Абдуллоева Шаҳрия-хонандаи МТМУ№12 дар зинаи 2 қарор гирифт. Ба Абдуҳамидзода Зилола хонандаи МТМУ №59 бошад муяссар шуд, ки ҷойи 3-ро ишғол намояд.

Аз байни довталабон Холиқова Хуршеда омӯзгори МТМУ№33 аз беҳтарин иштирокчиён дониста шуда, ӯ тавонист дар тамоми наминатсияҳо ба бештари саволҳои ҳакамон посух гуфта, дар натиҷа  ба гирифтани шоҳҷоизаи озмун сазовор гардид.

Дар интиҳо муовини раиси шаҳр С. Холмаҳмадзода ба ғолибон ва иштирокдорони фаъол сипоснома ва тӯҳфҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро тақдим намуда, изҳор дошт, ки ишғолкунандагони ҷойи аввалро озмуни ҷумҳуриявӣ интизор аст. Аз ин лиҳоз ғолибони озмуни шаҳриро  мебояд, бо мақсади ғолибият дар сатҳи ҷумҳурӣ боз ҳам бештар  мутоила намуда, сазовори зинаҳои ифтихорӣ гарданд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *