Хабарҳо

ВАРШАВА. ОБСЕ. 18.09.2019. Выступление Зариф Ализода на конференции ОБСЕ в Варшаве

print
https://youtu.be/gW-rdW9Mey4

Зариф Ализода, раиси ҳайати ҳукуматии ҶТ дар ҷаласаи САҲА

(ш.Варшава, 16-26.09.2019с.)

Баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тоҷикистон як қатор таѓйиротҳо ба системаи интихоботи ворид карда шуд. Аз ҷумла баъзе пешниҳодҳо амали карда шуданд. Дар Тоҷикистон қонуни алоҳида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботи коркард ва қабул гардид. Салоҳияти ин комиссия васеъ гардид. Комиссия оид ба интихобот доимоамалкунанда мебошад. Дар он намояндаи тамоми ҳизбҳои сиёси ҳамчун машваратчи иштирок мекунанд. Мувофиқи қонун иштироки намояндагони мустақил ва хориҷи дар интихобот пешбини гардидааст.

Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парламенти ва президенти баргузор хоҳад шуд. Мехоҳам аз фурсати муносиб истифода намуда, намояндагони БДИПЧ САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалиро барои назорати раванди интихобот даъват намоям.

Вобаста ба вазъи парламент ва демократия қайд менамоям, ки дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёси фаъолият дорад. Аз онҳо 3 ҳизб дар парлумон намояндагони худро доранд. Ҳамчунин дар парламенти Тоҷикистон 3 фраксия мавҷуд аст. Ташкилоти «Гурўҳи-24», ки қаблан баромад намуд, мувофиқи Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремисти эътироф гардидааст. Беш аз ин, қайд менамоям, ки таҳқири Ҳукумати ҶТ дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд, истифодаи калимаҳои «фюрер» нисбати роҳбари давлат имконнопазир мебошад. Майдони ҷаласа набояд ба ҷойи қассосгири табдил дода шавад.

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *