Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани беш аз 350 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагӣ дар шаҳри Турсунзода муташаккилона идома дорад. Соли 2018 – 52 иншоот ва дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 26 иншоот ба истифода дода шуд. Илова бар ин дар арафаи иду ҷашнҳои нимсолаи дуюми соли равон боз 31 иншооти ҷашнӣ ва 39 синфхонаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Баъд аз баргузории мулоқот Маҳмадалӣ Ватанзода бо роҳбарияти шаҳр ва масъулин аз ҷараёни корҳо дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд.