Фаъолияти намояндагон

ИҶЛОСИЯИ БИСТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ БАРГУЗОР ШУД

print

Дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) баргузор шуд, ки дар ҷараёни он шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

          Дар кори иҷлосия муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони дахлдори сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ,  раисони ҷамоатҳои деҳот, корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ, хоҷагиҳо ширкат варзиданд.

          Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, ҳайати котибот интихоб ва рӯзномаи иҷлосия  тасдиқ гардида, аз ҷониби вакилон масъалаҳои рӯзнома  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

          Аз рӯи масъалаи якум вобаста ба иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 13 марти соли 2015, №12 «Дар бораи Барномаи рушди шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015-2019» вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Собирзода Ғафурҷон  Мирзоалӣ маърӯза кард.

Қайд шуд, ки Барномаи мазкур ҳамчун санади асосии шаҳр самтҳои афзалиятноки рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро муайян намуда, ба баланд гаштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Барномаи мазкур аз 173 лоиҳа бо арзиши умумии 545,3 млн. сомонӣ иборат буда, давоми солҳои 2015-2018 ва нимсолаи якуми соли 2019-ум 123 лоиҳа ба маблағи умумии 441,6 млн. сомонӣ амалӣ гардида, 81 фоизи Барномаро дар бар мегирад.

Баъдан вобаста масъалаи якум вакили шаҳрӣ Муистон Азизова ба музокира баромада, лоиҳаҳои самти иҷтимоии Барномаро мавриди таҳлил қарор дод.

Сардори Раёсати молияи шаҳр Рустам Турсунзода зимни музокирот самти маблағгузории Барномаро аз ҳисоби буҷети шаҳр таҳлил намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии Барнома таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум буда, мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳр кӯшиш ба харҷ дод, ки музди меҳнат, нафақа, идрорпулии донишҷӯён ва кӯмакпулӣ ба ниёзмандон сари вақт пардохт гардад. Аз ин лиҳоз, дар давраи ҳисоботӣ дар масъалаи пардохти музди меҳнат ва нафақа дар шаҳр қарздорӣ вуҷуд надорад.

Дар анҷоми музокирот Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ-раиси шаҳр Абдуқодир Вализода аъзои комиссия ва масъулинро ёдрас намуд, ки  то ба анҷом расидани муҳлати иҷрои барнома ҳамагӣ 6 моҳи дигар боқӣ мондааст, Аз ин лиҳоз, вакилон ва масъулини бахшу сохторҳои дахлдорро мебояд, ки дар ин муддат ҷиҳати таъмини Барнома тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи № 33 узви комиссия «Оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, ислоҳоти замин ва ҳифзи муҳити зист» Маҳмадамин Камолов ҳисобот пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Комиссия дар самти татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии Хукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиш аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, кишоварзони шаҳр дар ин давра новобаста аз мушкилоти ҷойдошта барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини сокинони шаҳр ба маҳсулоти аввалияи ғизоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дурнамои истеҳсоли сабзавот ва кишти такрориро иҷро намуданд.

Раиси маҷлиси вакилони халқ Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки аъзои Комиссия ва масъулинро мебояд фаъолияти худро боз ҳам вусъат бахшида, дар таъмини нақшаи сохтори кишт, бунёди боғу токзори нав дар талу теппаҳо, самаранок истифода бурдани обу замин ва ба ҳолати кишоварзӣ баргардонидани заминҳои ғайрикишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Зимни баррасии масъалаи сеюм вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботи «Эфиронос» № 15 Негматуллоева Умеда доир ба фаъолияти корӣ ҳисобот манзур намуд.

Дар идома масъалаи чорум ва панҷуми рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2019, № 10 «Дар бораи ба вазифаи сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода таъин кардани Гадоев Ҳоким  ва фармоиши директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2019, № 95 «Дар бораи сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таъин намудани Раҳмонов Сафархуҷа Ҳомидович аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ  гардид.

           Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои нуздаҳум ва бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ қабул гардидаанд, зимни баррасии масъалаи шашум мавриди баррасӣ қарор гирифт.

         Баъд аз баррасии масъалаҳо аз ҷониби вакилон  қарорҳои дахлдор қабул гардид.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *