Таҷлил

ТАНТАНАИ  РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН  ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон дар маркази шаҳри турсунзода чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ  баргузор гардид, ки дар ҷараёни он кӯдакони тамоми муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона  иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ширкат варзида, нахуст аз  гӯшаи ҳунари  кӯдакон, ки зебогиҳои табиати Ватанро дар рӯи замин тасвир намуда буданд, дидан намуда, ба сайъу қушиш ва ҳунари онҳо баҳои баланд дод.Ҳамзамон аз ҷониби мураббиён ва кӯдакони муассисаҳои томактабӣ гӯшаҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон, Соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, “Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” солҳоит 2018-2028” ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар қисми варзишии чорабинӣ байни кӯдакон мусобиқаи велосипедронӣ баргузор шуд ки, чолоктаринҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин ширхоргоҳ-кӯдакистон”, расми беҳтарин дар мавзӯи “Манзараҳои зебои Ватанам” ва иншои беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Қисми фарҳангии барнома дар толори шуъбаи фарҳанг  баргузор шуда, раиси шаҳр кӯдаконро табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки дар мамлакат баҳри таъмини ҳуқуқи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида,  Эъломияи ҳуқуқи кӯдак эътироф ва дар ин замина Қонун дар бораи  ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қабул гардид.

Баъдан барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби кӯдакон ба саҳна гузошта шуда, истеъдодҳои наврас бо рақсу суруд ва шеъру тарона кӯдакии хушбахтонаи худро баён доштанд.

Котиби матбуоти раиси шаҳр

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *